Нерӯҳои "Толибон" дар Афғонистон норозиёнеро, ки рӯзи 9-уми июн дар шаҳри Ҳирот аз ҳуқуқи занон дифоъ мекарданд, бо истифода аз силоҳ пароканда карданд.
Эътироз пас аз он баргузор шуд, ки нерӯҳои "Толибон" занонро гуё барои поймоли қоидаҳои ҳатмии либоспӯшии исломӣ, ки пӯшонидани рӯй ва баданро дар бар мегирад, боздошт кардаанд.
Як шоҳиди ҳодиса ба бахши афғонистонии Радиои Озодӣ гуфт, дастикам як нафар кушта ва чанд каси дигар захмӣ шудаанд.
"Ба самти онҳо тир зада, беш аз 20 нафарро захмӣ карданд. Як нафарро куштанд," – афзуд шоҳиди ҳодиса.
Мақомоти "Толибон" ҳамагуна талафот ва ҳабсро рад мекунанд.
Радиои Озодӣ мустақилона наметавонад иддаои ҷонибҳоро тасдиқ ё инкор кунад.
Ричард Беннетт, коршиноси ҳуқуқи башари Созмони Милал, "зиёдаравӣ дар корбурди нерӯ"-ро алайҳи эътирозгарон маҳкум кард.