Тими миллии Тоҷикистон ба бозиҳои дӯстона бо мунтахаби Ҳиндустон омода мешавад

Акс аз сомонаи ФФТ

Тими миллии футболи Тоҷикистон зери раҳбарии Игор Ангеловский, мутахассиси 49-сола аз Македонияи Шимолӣ, 30-юми май омодагиро ба бозиҳои дӯстона бо дастаи мунтахаби Ҳиндустон, ки рӯзҳои 5-ум ва 9-уми июн баргузор мешавад, шуруъ кард.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дастаи мунтахаби кишвар ҳарду бозии дӯстонаро муқобили тими миллии Ҳиндустон дар майдони худ баргузор мекунад.

Ба ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон 26 бозигар –3 дарвозабон, 10 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар шомил шуданд.

Аммо дарвозабон Олег Баклов, ҳимоятгар Манучеҳр Сафаров, нимҳимоятгар Ҳамадонӣ Камолов ва ҳамлагар Рустам Соиров бинобар ҷароҳат доштанашон дар ин бозиҳои дӯстона иштирок намекунанд.

Ҳайати васеи тими миллии Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона муқобили мунтахаби Ҳиндустон (5-ум ва 9-уми июн):

Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов («Ростов», Русия), Муҳриддин Ҳасанов («Истиқлол»), Далер Азизов («Ҳосилот»), Зуҳриддин Муйдинов («Хуҷанд»);

Ҳимоятгарон: Зоир Ҷӯрабоев («Суғдиён», Узбекистон), Ваҳдат Ҳаннонов («Сипоҳон», Эрон), Раҳматшо Раҳматзода («ПСИМ Йогикарта», Индонезия), Аҳтам Назаров («Вахш»), Табрез Исломов, Алиҷон Кароматуллозода, Содиқҷон Қурбонов (ҳама аз «Истиқлол»), Меҳрубон Каримов («Равшан»), Фурқон Раҳимзода («Ҳосилот»), Абдулло Шарипов («Регар-ТадАЗ»);

Нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Булғористон), Эҳсони Панҷшанбе, Шервонӣ Мабатшоев (ҳарду аз Теренгану», Малайзия), Алишер Шукуров («Қизилқум», Узбекистон), Алишер Ҷалилов, Амирбек Ҷӯрабоев, Муҳаммадҷон Раҳимов (ҳама аз «Истиқлол»), Салоҳиддин Эргашев («Ҳосилот»), Ҷамшед Махсумов («Равшан»);

Ҳамлагарон: Шаҳром Самиев («Ал-Карма», Ироқ), Шериддин Бобоев («ПСМ Макассар», Индонезия), Далер Шарипов («Истиқлол»), Фаридун Давлатов («Регар-ТадАЗ»)

Сармураббӣ – Игор Ангеловский (Македонияи Шимолӣ).

Дар ҳамин ҳол тими миллии Тоҷикистон дар радабандии FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол) дар зинаи 103-юм ва мунтахаби Ҳиндустон дар ҷойгоҳи 136-ум қарор доранд.

Сармураббии нави тими миллии Тоҷикистон Игор Ангеловский дастаро барои қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027, ки дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, омода мекунад.

Пас аз натоиҷи қуръакашии қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба гурӯҳи «D» шомил шуд. Рақибонаш тимҳои миллии Австралия, Ироқ ва Сингапур хоҳанд буд.

Игор Ангеловский дар бораи натоиҷи қуръакашӣ гуфт, “ҳамакнун мо бояд рақибони худро бодиққат омӯзем ва хуб омода шавем. Австралия ва Ироқ дар Ҷоми ҷаҳон-2026 бозӣ хоҳанд кард ва ин аз сатҳи онҳо шаҳодат медиҳад. Сингапур низ бо рӯҳияи баланд вориди рақобат хоҳад шуд. Мо ба ҳамаи рақибонамон эҳтиром мегузорем, аммо бояд пеш аз ҳама ба қувваи худ бовар дошта бошем ва дар ҳар бозӣ тамоми имкониятамонро истифода барем. Барои расидан ба ҳадаф хуб омодагӣ мебинем”.