Тоҷикистон ва Эрон дар се моҳи аввали имсол 119,6 миллион доллар додугирифт кардаанд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 8 дарсад бештар будааст.
Ин омор дар ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии ду кишвар садо дод. Ин нишаст 26-уми май дар Душанбе баргузор шуд.
Ба иттилои расмӣ, намояндагони Тоҷикистон ва Эрон ҳамкори ду кишвар "дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, энергетика, захираҳои об, саноат, нақлиёт, сармоягузорӣ, илм ва технология"-ро баррасӣ кардаанд.
Аз Эрон ба Тоҷикистон бештар хӯрокворӣ, аз ҷумла маҳсулоти ширӣ, меваю сабзавот, пиставу чормағз, шакар ва масолеҳи сохтмониву маводи шустушӯ меоранд. Аз Тоҷикистон ба Эрон нахи пахта ва алюминийи коркарднашуда мебаранд. Дар баробари молу маҳсулоти гуногуни Эрон дар бозорҳо, нерӯгоҳи "Сангтӯда-2" ва нақби "Истиқлол" аз тарҳҳои бузурги ин кишвар дар Тоҷикистон ба шумор мераванд.
Додугирифти Тоҷикистон ва Эрон дар ҳоле зиёд шудааст, ки Теҳрон аз охири феврал то аввали апрел бо Амрико ва Исроил ҷанг дошт. Амрико ва Исроил 28-уми феврал ба Эрон ҳамла карданд ва 8-уми апрел миёни ҷонибҳо оташбас ҷорӣ шуд.