Тиҷорат миёни Тоҷикистону Узбекистон 50% зиёд шудааст

Тиҷорат миёни Тоҷикистон ва Узбекистон дар чор моҳи аввали имсол ба таври назаррас боло рафтааст. Ба иттилои Кумитаи миллии омори Узбекистон, Душанбе ва Тошканд дар моҳҳои январ-апрели имсол дар ҳаҷми 284,3 миллион доллар додугирифт доштаанд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 50,7 дарсад бештар аст.

Ба иттилои расмӣ, аз Тоҷикистон ба Узбекистон бештар маъдан, нерӯи барқ, ангишт, алюминий, нахи пахта ва маҳсулоти кишоварзӣ содир шудааст. Аз Узбекистон ба Тоҷикистон бошад, гази табиӣ, маҳсулоти нафтӣ, нерӯи барқ, масолеҳи сохтмон, техникаи маишӣ ва маҳсулоти фулузотӣ оварда шудааст.

Додугирифти солонаи Душанбеву Тошканд ҳудуди як миллиард долларро ташкил медиҳад. Моҳи март дар ҷараёни сафари президент Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Тошканд, мақомоти Тоҷикистону Узбекистон гуфта буданд, ки мехоҳанд, дар чор соли оянда, яъне то соли 2030 додугирифтро ба ду миллиард доллар расонанд.

Равобити Тоҷикистону Узбекистон, ки дар гузашта ба далели баҳси роҳу обу нерӯгоҳ ба сардӣ печида буд, баъд аз марги Ислом Каримов ва ба қудрат омадани Шавкат Мирзиёев беҳтар шуд.