Донишҷӯён, кормандон... Ҳама ба "маршировка"!

Бар асоси барномаи таҷлил аз 25-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон, қарор аст, дар баробари донишҷӯён, кормандони сохторҳои давлатӣ низ ба раҳпаймоӣ ё "маршировка" ҷалб шаванд.

Ин барнома аз тарафи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба ҳукумати кишвар ирсол шудааст. ​Як мақоми вазорати фарҳанг рӯзи 10 июн ба Озодӣ гуфт, роҳпаймоӣ субҳи 9 сентябр аз хиёбони Рудакӣ то Исмоили Сомонӣ дар маркази шаҳр ҷараён мегирад. Ба гуфтаи ӯ, мумкин аст, дар чорабиниҳои ҷашни истиқлол тахминан 50 ҳазор нафар иштирок кунанд.

Мусоҳиби мо зарурати ҷалби даҳҳо ҳазор нафар ба раҳпаймоиву чорабиниҳои фарҳангиро қадрдонӣ аз истиқлол донист ва афзуд: "Истиқлолият танҳо барои як гурӯҳи хурд ё донишҷӯён нест, ҳар як корманди корхона, узви ҷомеаи Тоҷикистон аст. Ҳар як ниҳоде, ки дар давраи истиқлолият фаъолият дорад, ҷалб мешавад."

Ба қавли намояндаи вазорати фарҳанг, дар роҳпаймоии рӯзи 9 сентябр сар аз намояндагони дастгоҳи иҷроия то вазорату идораҳои чор ноҳияи пойтахт иштирок хоҳанд кард. ​Асосан омодагӣ барои ширкат дар чорабиниҳои ҷашни истиқлолро кормандони ниҳодҳои мухталиф дар коргоҳашон тамрин мекунанд. Машқи умумӣ чанд руз пеш аз таҷлили расмии ҷашни истиқлол дар хиёбонҳои Душанбе сурат мегирад.

Як манбаъ аз вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, аз ин ниҳод панҷ ҳазор корманд дар ин чорабинӣ ҷалб шудаанд ва қарор аст, ду моҳ қабл аз истиқлолият ба тамрин шурӯъ кунанд. Эҳтимол тамрин аз соати 17 то 21-и шаб сурат гирад.

Вазорати фарҳанг теъдоди умумии кормандону донишҷуёнеро, ки дар як вақт дар хиёбонҳо тамрин мекунанд, пас аз тасдиқи тарҳи барнома дар ҳукумат эълон мекунад. Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ки масъули ҷалби донишҷуён ба маршировка аст, санаи тамрини донишҷӯёнро аз 10 июли то 9 сентябр муайян кардааст.

Ба асоси дастури вазири маориф ба волидони донишҷӯёни донишгоҳҳои олӣ огаҳинома фиристодаанд, ки ширкати фарзандонашонро дар машқҳо таъмин кунанд. Дар огаҳинома таъкид шудааст, ки дар сурати ширкат накардан дар роҳпаймоиву чорабиниҳои 25-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон, нисбати донишҷӯ чораҳои қатъӣ андешида мешавад.

Шаҳрия, як донишҷӯи соли сеюми Донишгоҳи омузгорӣ гуфт, масъулини донишгоҳ гуфтанд, онҳо дар моҳи июл ҳамагӣ се соат ва моҳи август эҳтимол тамоми рӯз ба тамрин ҷалб шаванд. ​“Гуфтанд, ки бояд то он вақт имтиҳонҳоро супорем ва аз рузи 11 июл ба маршировка биёем”. –гуфт Шаҳрия.

Абдуллоҳ, як донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз Бадахшон гуфт, барои иштирок дар "маршировка" донишҷӯёни муқими шаҳри Душанбе ва навоҳии атроф ҷалб шудаанд. "Онҳое, ки аз манотиқи дигари кишвар ҳастанд, то моҳи сентябр ба таътил хоҳанд рафт ва дар ин раҳпаймоӣ ширкат нахомекунанд" - гуфт ӯ.

Ҷалби ҳазорон донишҷӯ ба як чорабинии фарҳангӣ дар кишвар дар ҳоле сурат мегирад, ки масъалаи истифода аз нерӯи муҳассилин дар раванди таълим, дар чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ аз сӯи коршиносону созмонҳои байналмилалӣ зиёд интиқод шудааст.

Дар гузашта ба матбуот хабарҳо аз шикояти муҳассилон роҳ меёфт, ки барои ширкат дар маъракаҳои идонаи серҷамъият ва барномаҳои театрикунонида ҷалб мешуданд. Аксари онҳо мегуфтанд, ки бо таҳдиди аз донишгоҳ берун шудан ба ин ҷо омадаанд ва маҷбуранд соатҳои дарсиро зери офтоби гарм бо машқу рақс сипарӣ кунанд.

Нуқтаи авҷи ҷашнҳо дар Тоҷикистон 20-солагии истиқлолаш дар соли 2011 буд, ки бино ба оморҳо, бо шумули иншооти ҷашнӣ ба сари дастикам 4 миллиард сомонӣ “харҷ” шуд. Он замон ҳам ҳазорон нафар ва асосан донишҷӯён ҳар рӯз зери офтоб, дар тӯли чанд моҳи тобистон дар Душанбеву марказҳои музофотӣ ҷашни истиқлолро машқ карда буданд.

Сайф Сафар, хабарнигори тоҷик мегуяд, ҷалби кормандони ниҳодҳои давлатӣ ба чунин чорабиниҳо муҳим нест, зеро ба гуфтаи ӯ аз роҳпаймои дида коргар дар коргоҳ вазифаҳои зиёде дорад, ки онро бояд иҷро кард. Ба гуфтаи ӯ, ба ҷалби донишҷӯёну коргарон, зоеъ кардани маблағ ва вақти қимати инсонҳост. ​“Дар мавриди ҷалби донишҷӯён фақат инро метавон гуфт, ки мавзӯъ нав нест ва ҳар як донишҷу ба хотири ронда нашудан аз донишгоҳ омодааст равад ва дар варзишгоҳ зери офтоби сузон тамрин кунад”-гуфт ӯ.

Як соли пеш дар роҳпаймоии бахшида ба Рӯзи парчами миллӣ беш аз 30 ҳазор нафар иштирок кардаанд. Интизор меравад ҷашни 25-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон имсол ба фарқ аз солҳои пешин бо шукуҳтар, доир шавад.

Баъди фурӯпоши Иттиҳоди Шӯравии собиқ дар соли 1991, Тоҷикистон худро кишвари мустақил эълон кард, вале бо гузашти як сол гирифтори ҷанги харобиовари шаҳрвандӣ шуд, ки 5 сол идома кард ва бештар аз 50 ҳазор нафарро кушта садҳо ҳазор тани дигарро бехонумон кард.