Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии исломии Эрон изҳороти дабири кулли НАТО дар бораи истифодаи Амрико аз бархе пойгоҳҳои ин паймони низомӣ дар Аврупо дар ҷанги ахир бо Эронро "эътироф ба ҳамдастии фаъолонаи ин созмон дар иртикоби таҷовузи низомӣ алайҳи як кишвари мустақил" хонд ва хостори посухгӯии аъзои ин паймони низомӣ шуд.
Марк Рутте, дабири кулли НАТО, дар посух ба интиқодҳои Доналд Трамп ба ҳамкорӣ накардани ин паймони низомӣ бо Амрико дар ҷараёни ҷанги ахир бо Эрон гуфта буд, дар вақти ин ҷанг, кишварҳои аврупоии аъзои НАТО ҳамкории бисёр зиёде бо Амрико доштанд ва чаҳор то панҷ ҳазор парвози амалиётии артиши Амрико аз пойгоҳҳои аврупоӣ, ва аз ҷумла, Италия анҷом шуда буд.
Мақомҳои Италия бо радди ин изҳорот гуфтаанд, ки танҳо бар асоси ӯҳдадориҳои дутарафа бо Вашингтон, иҷозаи парвозҳои боркашонӣ ва пуштибониро дода буданд ва ҳеч амалиётӣ низомӣ аз пойгоҳҳо ва фурудгоҳҳои ин кишвар анҷом нашудааст.
Дар замони ҷанги Эрон, чандин муттаҳиди аврупоии Амрико, аз ҷумла, Италия ва Испания бо ин ҷанг мухолифат карда буданд ва бархе дигар чун Британия, Олмон ва Фаронса ҳам бо мавзеъгирии эҳтиёткорона, худро аз ворид шудан ба ин ҷанг дур нигаҳ доштанд. Мавзуе, ки боиси ранҷиш ва гилаи сахти Доналд Трамп шуд.