Парвандаҳои хиёнат ба давлат дар Русия афзудааст

Теъдоди парвандаҳои хиёнат ба давлат дар Русия дар се моҳи аввали соли 2026 назар ба соли 2025 бист дарсад бештар шудааст.

Ин омор аз забони Дмитрий Заир-Бек, мудири лоиҳаи “Первий отдел” дар нишасте дар Берлин садо дод.

Ба иттилои манбаъ, баъд аз 24-уми феврали соли 2022, ки Русия ба Украина ҳамла кард, Хадамоти федеролии амният ё ФСБ бо иттиҳомҳои хиёнат ба давлат, ҷосусӣ, ҳамкории пинҳонӣ бо давлати хориҷӣ ва кумак ба душман зиёда аз 1500 парванда боз кардааст.

“Комилан мантиқист, ки ин ҳолат рӯй медиҳад. Масъалаҳои амниятӣ дар мадди аввал гузошта шудаанд. Аз ин рӯ, эҳтимол ин раванд идома ёфта, ҳатто ба нишондиҳандаҳои бесобиқа ва рекордӣ мерасад”, -- афзуд ин ҳомии ҳуқуқ.

Додгоҳҳои Русия дар соли 2025-ум 468 нафарро бо иттиҳоми хиёнат ба давлат ва ҷосусӣ маҳкум карданд, ки аз соли 1997 рекордӣ ба ҳисоб меравад.

Ба гузориши ҷамъияти Parubets Analytics, аз замони оғози ҷанги Русия алайҳи Украина 1006 нафар дар Русия бо гуноҳи хиёнат ба давлат ва ҷосусӣ зиндонӣ шудаанд. Ин дар ҳолест, ки аз соли 1997 то феврали 2022 фақат 196 касро бо ин иттиҳомҳои вазнин маҳкум карда буданд.