Агар ин иддао дуруст бошад, тавлиди комили ин силоҳ дар дохили Белорус дастоварди муҳиме барои кишваре ба ҳисоб меравад, ки зери таҳримҳои сахт қарор дорад.
Бо ин ҳол, манбаъҳое, ки раванди тавлиди онро баррасӣ кардаанд, мегӯянд, даст ёфтани Белорус ба таҷҳизоти зарурӣ барои сохтани ин туфанг бо кӯмаки ҳукумати Эрон имконпазир шудааст.
Владимир Жигар, намояндаи BelPol, созмоне иборат аз мақомҳои пешини амниятии Белорус мегӯяд, яке аз дастгоҳҳои асосии мавриди ниёз барои тавлиди дохилии силоҳ, аз Эрон таъмин шудааст.
Ба гуфтаи ӯ, Вазорати корҳои хориҷии Белорус ибтидо аз тариқи сафорати ин кишвар дар Австрия талош кард дастгоҳҳое барои сохти лӯлаи туфанг -- қисми асосии ин силоҳ, таҳия кунад.
Пас аз нокомӣ дар хариди ин дастгоҳ аз Австрия, мақомҳои белорусӣ ба ширкати русии "Калашников" муроҷиат карданд, аммо ин ширкат низ натавонист таҷҳизоти мавриди ниёзро дар вақти муносиб ба онҳо интиқол диҳад.
Жигар мегӯяд, пас аз он тамосҳои Белорус бо Эрон афзоиш ёфт ва ду тараф саранҷом барои таъмини ин таҷҳизот ба созиш расиданд.
Ширкати Kidma Tech аз соли 2020 силоҳе бо зоҳир тақрибан яксон бо номи "VSK-100" тавлид мекард, аммо дар сохти он аз қитъаҳои воридотӣ истифода мешавад. Номи ин силоҳ аз ҳарфҳои аввали иборати русии "Карабини низомӣ-варзишӣ" гирифта шудааст.
Александр Волфович, дабири Шӯрои амнияти Белорус пештар модели нави ин туфанг, яъне VSK-100B-ро "як туфанги таҳоҷумии модерни Белорус бо маҳаллисозии сад дарсадӣ" хонда буд.
Тасаввур мешавад, ҳарфи "B" дар номи ин модел ба "Белорус" ишора дошта бошад. Мақомҳои ин кишвар гуфтаанд, тавлиди бештари он қарор аст то поёни соли 2026 оғоз шавад. Ин туфанг бе тирдон 4,3 килограм вазн дорад
Ин силоҳ аз назари зоҳирӣ низ ба хонаводаи "Калашников" шабоҳат дорад ва монанди онҳо ба таври стандартӣ аз тирдони дорои 30 дона тир, истифода мекунад. Имкони тир андохтан дар ду ҳолат -- нимаавтоматикӣ ва пурра автоматикӣ низ барои он дар назар гирифта шудааст.
Бар асоси таҳлили BelPol, ниме аз саҳмияҳои Kidma Tech дар ихтиёри ширкати давлатии "Belspetsvneshtechnika" аст. Ширкати литвагии Latvia’s Electrooptic ва ширкати Sohra Overseas аз Имороти Муттаҳидаи Араб низ ҳар кадом 25 дарсад саҳмҳои ин ширкатро дар ихтиёр доранд.
Sohra Overseas ширкате аст, ки таҷҳизот ва нуриҳои тавлиди Белорусро дар бозорҳои Ховари Миёна ва Африқо тавзеъ мекунад. Kidma Tech дар соли 2021 аз сӯи Иттиҳоди Аврупо ва дар соли 2024 аз сӯи Амрико ва Канада таҳрим шуд.
Жигар дар гуфтугӯ бо бахши белорусии Радиои Аврупои Озод\Радиои Озодӣ, VSK-100-ро дар асл нусхаи такмилшуда аз туфанги "Калашников" хонд ва гуфт, Kidma Tech таҷҳизотеро, ки худ дар заминаи сомонаҳои оптикӣ ва қитъаҳои дигар тавлид мекунад, рӯи ин силоҳ насб кардааст.
Ӯ ҳамчунин мегӯяд, ба бовари ӯ ин туфанг мумкин аст ба кишварҳое фурӯхта шавад, ки "бо сабабҳое наметавонанд аз роҳҳои оддӣ ва қонунӣ силоҳ харидорӣ кунанд".
Kidma Tech иддао мекунад, лӯлаи ин туфанг аз намунаҳои монанди "Калашников" мустаҳкамтар аст ва ҳамин мавзӯъ умри амалиётии силоҳ ва диққати онро афзоиш медиҳад.
Бахши белорусии Радиои Аврупои Озод\Радиои Озодӣ бо як низомии пешин аз яке аз кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, ки акнун ҳамчун мураббии касбии силоҳҳои гарм фаъолият мекунад, гуфтугӯ кардааст.
Ӯ аз тарҳи ин нусха тааҷҷуб карда ва гуфтааст, "ин чизе ҷуз як "Калашников" нест, ки онро ба шакле дағалона шакл додаанд. Ин туфанг ҳаргиз барои чунин чизе тарҳрезӣ нашуда буд. Намефаҳмам чаро онро чунин сохтаанд".