Ду духтару як писар. Таваллуди сегоник дар ноҳияи Рӯдакӣ

Акс аз бойгонӣ

Як модари ҷавон дар ноҳияи Рӯдакӣ сегоник – ду духтару як писар – ба дунё овардааст.

Бино ба гузориши “Насими айём”, рӯзномаи расмии ноҳия, навзодон “баъди нигоҳубини зарурӣ бо вазъи хуби саломатӣ аз Шифохонаи марказии ноҳия ба хона ҷавоб дода шуданд.”

Меҳрона Аҳмадова, модари навзодон, сокини деҳаи Чорсӯ будааст ва ба гуфтаи табибон “ҳолаш хуб аст”.

Дар гузориш омадааст, ки навзодон тақрибан ду ҳафта пеш ба дунё омада, мақомоти расмии ноҳияи Рӯдакӣ ба табрики модари ҷавон рафтаанд.

Онҳое, ки ҷуфтро мешиносанд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштаанд, падару модари тифлон донишҷӯ ва иҷоранишин ҳастанд ва зоҳиран ба ёрӣ эҳтиёҷ хоҳанд дошт.

Таваллуди сегоник бисёр кам иттифоқ меафтад ва дар Тоҷикистон дар чанд соли гузашта панҷ модар сегоник ба дунё овардаанд.

Дар гузашта дар Тоҷикистон таваллуди чаҳоргоник ва панҷгоник низ сабт шуда, дар баъзе маврид мақомот ба хонаводаи онҳо манзилу ҷиҳоз додаанд.

Як шашгонике, ки моҳи январи соли 2023 дар вилояти Суғд ба дунё омад, ҳамагӣ чанд соат умр дид.