Хадамоти федероли амнияти Русия мегӯяд, як шабакаи ғайриқонуниеро ошкор кардааст, ки ба муҳоҷирон санадҳои қалбакӣ медод.
Ба гузориши хабаргузории русии ТАСС, ин шабака аз 3 нафар иборат буд ва онҳо қасд доштанд ба яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ фирор кунанд.
Манбаъ мегӯяд, гумонбарон дар вилоятҳои Новосибирск ва Петропавловск барои муҳоҷирон санадҳои қалбакӣ, аз ҷумла расид дар бораи пардохти маблағи патент медоданд ва муҳоҷирон бо ин санадҳо дар сохтмонҳои минтақаи Камчатка кор кардаанд.
Хадамоти федероли амнияти Русия ё ФСБ дар бораи афроди боздоштшуда маълумоти зиёд надодааст. Дар хабарномаи расмӣ танҳо зикр шудааст, ки нисбати ин се нафар бо иттиҳоми ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ парванда боз кардаанд.
Ҳамчунин нисбати муҳоҷироне, ки бо санадҳои қалбакии аз ин афрод гирифтаашон кор кардаанд, бо иттиҳоми истифодаи асноди сохта парвандаи ҷиноятӣ боз ва онҳоро дар боздоштгоҳи муваққатӣ ҷой додаанд.
Дар гузашта ҳам мақомоти Русия аз боздошти афроде хабар дода буданд, ки барои муҳоҷирон санадҳои қалбакӣ дуруст мекарданд.