Вилямсон: Тасмими Тоҷикистон бар зарари кишвар ва мардуми он аст

Ҳю Вилямсон гуфт, тасмими ҳукумати Тоҷикистон барои берун шудан аз узвияти Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноӣ бар зарари кишвар ва мардуми он аст

Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch), созмони муътабари ҳомии ҳуқуқи инсон, тасмими Тоҷикистонро барои берун шудан аз узвияти Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноӣ танқид кард.

Порлумони Тоҷикистон рӯзи 16-уми сентябр эълон кард, ки ин кишвар мумкин аст аз узвияти Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноӣ хориҷ шавад. Қарори мазкур ба эҳтимоли ғолиб ба дархости ин додгоҳ пайванд дорад, ки аз Тоҷикистон хоста буд, Владимир Путин, раисҷумҳури Русияро дастгир карда, барои муҳокима супорад.

Як паёми манфӣ

Ҳю Вилямсон, намояндаи Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) барои кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ, рӯзи 18-уми сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, тасмими ҳукумати Тоҷикистон бар зарари кишвар ва мардуми он аст.

Шӯрои Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тарҳи қарорро "Дар хусуси қатъ кардани амали Низомномаи Суди байналмилалии ҷиноятӣ" баррасӣ кардааст

“Табиист, ки мо аз эҳтимоли тарки Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноӣ кардани Тоҷикистон сахт нигарон ҳастем. Ин як қадами бисёр манфии ҳукумат аст, ки боиси боз ҳам бештар дар инзиво мондани кишвар хоҳад шуд,” – афзуд ӯ.

Ба қавли Вилямсон, ин тасмим паёми манфӣ ҳам ба дохил ва ҳам ба хориҷ аз марзҳои Тоҷикистон дорад: “Як паёми манфӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, ки кишвари дигаре аз яке аз муҳимтарин ниҳодҳои байналмилалии адлия берун мешавад. Ин дар ҳолест, ки кишварҳо бояд чунин ниҳодҳоро тақвият бахшанд, на ин ки аз онҳо рӯ тобанд. Барои дохили кишвар ин пеш аз ҳама паёмест, ки Тоҷикистон ба ҳуқуқи инсонии шаҳрвандони худ чандон аҳамият намедиҳад.”

Намояндаи Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) дар идома гуфт, Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон чун маркази муроҷиати охирин ҷиҳати баррасии ҷиноятҳое хидмат мекунад, ки дар қаламрави ин кишвар рух медиҳанд. Бинобар ин, ба гуфтаи Ҳю Вилямсон, “Тоҷикистон бояд дар канори ҷабрдидагон биистад, на ин ки аз Додгоҳи байналмилалӣ рӯ гардонад.”

Видеоро дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

“Тоҷикистон бояд дар канори ҷабрдидагон истад”

"Вазъи ҳуқуқи инсон дар кишвар бадтар хоҳад шуд"

Тасмими Тоҷикистон барои ихроҷ шудан аз узвияти Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноӣ чанд моҳ баъд аз он сурат гирифт, ки ин додгоҳ ҳукумати Тоҷикистонро танқид кард, ки Владимир Путин, раисҷумҳури Русияро соли гузашта дар Душанбе дастгир накард ва он беэътиноӣ ба уҳдадориҳои байналмилалиш аст.

Ҳукумати Тоҷикистон гуфт, ин дархостро иҷро карда наметавонад, зеро Тоҷикистон бе ризояти Русия ҳеч яке аз мақомҳои баландпояи ин кишварро дастгир карда наметавонад. Путин аз 8-ум то 12-уми октябри соли 2025 барои ҳузур дар нишасти сарони кишварҳои муштаракулманофеъ дар пойтахти Тоҷикистон қарор дошт.

Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноӣ Владимир Путинро ба ҷиноятҳои ҷангӣ, аз ҷумла ихроҷи ғайриқонунии кӯдакон аз минтақаҳои ишғолии Украина муттаҳам мекунад.

Ҳю Вилямсон дар идомаи сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар сурати тарки узвияти додгоҳ кардани Тоҷикистон, мумкин аст, вазъи ҳуқуқи инсон дар кишвар бадтар шавад.

“Пеш аз ҳама, онҳо дабири кулли Созмони Милалро аз азми худ огоҳ мекунанд ва агар чунин кунанд, хориҷ шудан аз созмон як солро дар бар мегирад. Бинобар ин, Тоҷикистон бояд то ҳол уҳдадориҳои узвияташ дар Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноиро иҷро кунад. Масалан, афроде, ки амри боздошташон содир шуда бошад ва онҳо ба Тоҷикистон бираванд, Душанбе уҳдадор аст онҳоро боздошт кунад. Ин уҳдадорӣ то як соли дигар пас аз пешниҳоди расмии санадҳо боқӣ хоҳад монд,” – шарҳ дод ӯ.

Инро щам бихонед:

Мухолифон ва ҳомиёни ҳуқуқ ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонро ба додгоҳи ҷаҳонӣ кашиданд

Ҳомии ҳуқуқ афзуд, равшан аст, ки вазъи ҳуқуқи инсон дар худи Тоҷикистон бисёр ногувор аст ва эҳтимол вазъ боз ҳам бадтар шавад, зеро назорати байналмилалӣ ва пофишорӣ ба риояти меъёрҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон камтар хоҳад шуд.

“Аз ин рӯ, ман ба ояндаи созмонҳои ғайриҳукуматие, ки барои мурооти ҳуқуқи инсон, занон ва дигар бахшҳо фаъолият доранд ва барои ҳифзи меъёрҳои ҳуқуқи башар дар кишвар ба ниҳодҳое чун Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноӣ умед мебанданд, нигаронам,” – хулоса кард Ҳю Вилямсон.

Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноӣ, ки соли 2002 таъсис ёфтааст, дар шаҳри Гаагаи Ҳолланд қароргоҳ дорад ва умдатан ҷиноятҳои ҷангӣ ва дигар ҷинояти сахт ба зидди башариятро таҳқиқ ва муттаҳамонро ба ин ҷиноятҳо муҳокима мекунад.

Тоҷикистон қонунро “Дар бораи амали Низомномаи Суди байналмилалии ҷиноятӣ” ё “Статути Румӣ”-ро 5-уми майи соли 2000 қабул кардааст ва аз соли 2002 расман узви комилҳуқуқи он ба ҳисоб меравад. Дар сурати хориҷ шудан аз узвият, Тоҷикистон дигар уҳдадор нахоҳад буд, ки супоришу дархостҳо ё амрҳои боздошти Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноиро дар қаламрави худ иҷро ё шаҳрвандони дигар кишварҳоро бар асоси ин дархостҳо дастгир кунад.