Мансабдорони тоҷик иқрор карданд, ки ҷанги Русия дар Украина, ҳамлаҳои Амрико ба Эрон ва низои Покистону Афғонистон ба иқтисоди Тоҷикистон зарба мезананд.
"Гузоришҳои таҳлилӣ пешниҳод мекунем"
Абдураҳмон Абдураҳмонзода, вазири рушди иқтисоду савдо, 20-уми июл дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, барои кам кардани ин таъсир ситоди вижа ташкил шудааст.
"Вазъи ҷаҳони имрӯзаро мониторинг мекунем. Гузоришҳои таҳлилиро дар бораи вазъи ҷаҳон ҳар ҳафта, ҳар моҳ ва ҳар се моҳ ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод мекунем. Ва вобаста ба он мушкилоте, ки мо дорем, роҳҳои ҳал манзур мекунем," – афзуд ӯ.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Пайомадҳои иқтисодии ҷанги Эрон барои Осиёи МиёнаШералӣ Кабир, вазири саноати Тоҷикистон, низ ҳафтаи гузашта аз таъсири ин ҳаводис, хусусан мушкилиҳо дар бандарҳои Эрону Покистон ва бозори нафтии Русия ба воридоту содироти маҳсулоти саноатӣ изҳори нигаронӣ карда буд.
Вай дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт: "Кадом соҳае набошад, ашёи хом ҳаст. Истеҳсоли мебел, истеҳсоли қолин. Маводи синтетикиро аз Эрону Туркия меовардем. Роҳҳо, ки баста шуданд, намеорем. Корхонаи "Зарафшон" дар як моҳ то сесад миллион пардохти андоз дорад. Агар истеҳсолоташ кам шавад, таъсир мерасонад. Мо кӯшиш дорем, ки роҳҳои алтернативиро дида бароем."
"Мемонад Қазоқистон, каму беш Узбекистону Туркманистон ва Озарбойҷон"
Ҷанги Русия дар Украина аз соли 2022 идома дорад. Киев тайи моҳҳои охир зарбаҳои ҷавобиро ба Маскав бештар кардааст. Ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба Эрон моҳи феврали имсол оғоз ёфта, бо вуҷуди имзои тафоҳумнома, пас аз як танаффуси кӯтоҳ дубора аз сар гирифта шудаанд.
Дар пайи ҳамлаҳои ҷавобии Украина ба корхонаҳои нафтии Русия нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон боло рафта, шабҳо дар назди баъзе фурӯшгоҳҳо навбатпоиҳои чандсоата ба вуҷуд меояд.
Ҳайдаралӣ Раҷабзода, сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ, рӯзи 16-уми июл гуфт, 91 дарсад аз маҳсулоти нафтии мавриди ниёзи Тоҷикистон аз Русия оварда мешавад. "Вазъи бозори маҳсулоти нафтӣ дар Русия дар пайи нооромиҳои сиёсӣ ноустувор гардида, ин бевосита таъсирашро ба ҷумҳурии мо расонидааст," – эътироф кард ӯ.
Ҳоҷимуҳаммад Умаров
Ҳарчанд мансабдорони тоҷик мардумро қаноат медиҳанд, ки дар пайи танзими вазъиятанд, профеесор Ҳоҷимуҳаммад Умаров мегӯяд, Тоҷикистон наметавонад дар як муддати кӯтоҳ иқтисодашро дигаргун кунад, зеро барои ин бояд ҳамаи иқтисодро бозсозӣ кард.
Аз назари ӯ Эрон метавонист ҷойгузини Русия дар ворид кардани маҳсулоти нафтӣ, филизот ва техникаи кишоварзӣ бошад, агар худ бо буҳрон рӯ ба рӯ набуд: "Мемонад фақат Қазоқистон, каму беш Узбекистону Туркманистон ва Озорбойҷон. Аз Чин мо ҳеч чиз гирифтан наметавонем, зеро Чин истеҳсолкунандаи маводи нафтӣ нест."
Дар пайи гарон шудани маводи сӯхт дар Тоҷикистон мардум аз эҳтимоли таъсири он ба нархи маҳсулоту колои воридотӣ нигарон ҳастанд. Онҳо ҳастии захираи думоҳаи маҳсулоти нафтиро, ки аз тарафи вазири обу энержии Тоҷикистон Далер Ҷумъа эълон шуд, кофӣ намешуморанд.