Таъйиди "хушномӣ". Арӯсҳо чӣ гуна аз имтиҳони "себи сурх" мегузаранд?

Маросими тӯй дар Арманистон бо риояи одатҳои қадимӣ мегузарад, аммо анъанаи "себи сурх" баҳсбарангез аст ва мухолифати зиёдро ба бор овардааст. Бино ба ин анъана, хешовандони домод бояд пас аз шаби аввали висол бисанҷанд, ки арӯси нав бокира аст, ё не. Доғҳои хун дар рахти хоб чун далели "покизагӣ"-и духтар пазируфта мешаванд.

Арминэ, ҷавонзани арманӣ, аз ин анъана хеле нороҳат аст: “Ин маросим хеле таҳқиромез аст. Барои ман, духтаре, ки ба хонаводаи нав омада будам, гузаштан аз ин русуми қадимӣ хеле таҳқиромез буд. Қабл аз тӯй ҳеч кас баҳси онро накарда буд, ки ин анъана бояд риоя шавад, ё на. Чун аз замонҳои қадим, махсусан дар деҳот ин анъана одат шудааст ва мо аллакай медонистем, ки он ҳатман баргузор хоҳад шуд.”

Ӯ ду сол пеш издивоҷ кард, аммо то ҳол маросими "себи сурх"-ро бо даҳшат ба ёд меоварад. Ҳоло ҳомила аст ва медонад, ки писар хоҳад дошт ва тасмим гирифтааст, ки дар оянда ҳамчун хушдоман ин анъанаро риоя нахоҳад кард.

“Ин анъана бештар барои он анҷом дода мешавад, то мардум ғайбат накунанд. Аслан он урфу одати комилан бемаънист. Ҳама он гапу калочаҳои ҳамсояву хешовандон ва ҳам сабаби ҷамъшавии онҳо дар субҳи пас аз шаби тӯй бароям хеле нороҳаткунанда буд”, -- афзуд ӯ.

Занони зиёде, ки маҷбур будаанд аз санҷиши “себи сурх" гузаранд, онро ойини таҳқиромез меҳисобанд. Мо тасмим гирифтем, то назари мардонро ҳам ба гузориши ин анъана бидонем.

"Появу бунёди оила"

Акоп, як марди арманӣ, мегӯяд: "Ин анъана хеле даҳшатнок аст ва назари ман ба он комилан манфист. Намедонам, диди фарҳанг ба он чӣ гуна аст, аммо дар рӯзгори як ҷомеаи пешрафтае чунин анъана, ба мисли "себи сурх", набояд вуҷуд дошта бошад."

Акоп чанд солест, ки оиладор аст. Барои Арманистон саргузашти рузгори ӯ чандон одӣ нест, зеро ӯ бо хонуми ояндааш пеш аз тӯй робитаи ҷинсӣ доштааст. Дар Арманистон ҳанӯз ҳам урфу одате пойбарҷост, ки пеш аз издивоҷ духтар набояд робита дошта бошад ва агар чунин шудааст, пас, зарбае ба шаъну шарафи хонаводаи ӯ ҳисобида мешавад.

"Дар Арманистон бакорат ҳанӯз ҳам муҳим аст. Мардуми мо сарбаланду бовиқоранд. Барои мардони мо ғайри қобили қабул аст, ки каси дигаре пеш аз Шумо дар зиндагии духтар вуҷуд дошта будааст. Барои аксар ҷавонписарон, ҳатто вохӯрии духтар бо касе қабл аз онҳо мушкилбарангез аст", – мегӯяд Акоп.

Дар шаҳри Ереван анъанаи "себи сурх" ҳоло қариб ба назар намерасад, вале дар минтақаҳои дурдаст вазъ тамоман дигаргун аст.

Саркис дар оилаи суннатии арманӣ дар вилояти Гегаркуник, ки дар 130-километрии пойтахт ҷой гирифтааст, ба воя расидааст. Ӯ дар 18-солагиаш ба Ереван кӯчид, дар ҳамин ҷо донишгоҳро хатм кард ва маълумоти олӣ гирифт. Пас аз хатми донишгоҳ ӯ тасмим гирифт, ки дигар ба деҳаи худ барнамегардад. Танҳо барои гузаронидани тӯйи арӯсиаш ба деҳа меравад.

Субҳи шаби пас аз тӯй модараш ба хонаи наварӯсу домод ворид нашуд, ӯ танҳо аз писараш пурсид, ки "оё ҳама чиз хуб аст?" Пас аз гирифтани ҷавоби мусбат, вай ба омода кардани сабади расмӣ шурӯъ кард.

Чун анъана ба он сабад ҳамон себҳои сурх, ки рамзи пайдоиши хун дар рӯйи рахти хоб ҳастанд ва ҳам шаробу шириниҳо ва мева мегузоранд. Сабадро ба хонаи арӯс хешовандони домод, ки дар ин суннат танҳо занҳо бояд бошанд, мебаранд. Мардон дар ин кор иштирок намекунанд.

"Модарони мо пешакӣ мувофиқа карданд, ки чанд нафар аз ҷониби мо барои дидани хонаводаи арӯс мераванд, зеро тибқи ин анъана, модари арӯс бояд ба ҳар яке аз онҳо тӯҳфа диҳад", – мегӯяд Саркис.

Нимаи дуюми рӯз занони ҳамсоя ва аммаҳову хоҳарони домод аллакай дар хонааш ҷамъ омада буданд: "Аз ҷониби мо, ҳама занҳое, ки модарам бо онҳо рафтуомад доштанд, даъват шуда буданд. Ва ҳамаашон ҳам омаданд. Ин дидорбинӣ як имкони ифтихор кардан аз беайбии арӯси интихобкардаи домод буд. Ҳангоме ки сабадҳоро ба хонаи арӯс оварданд, дар он ҷой ҳам селае аз чунин занҳо ҷамъ шуда буданд."

Бо он ки худи Саркис тасмим гирифта буд, анъанаи «себи сурх»-ро риоя кунад, ӯ ин анъанаро бемаънӣ меҳисобад: "Агар ҳамсарон якдигарро дӯст медоранд ва эҳтиром мекунанд, пас, он ки оё онҳо пеш аз тӯй муносибати ҷинсӣ доштанд ва ё на, набояд кори дигарон бошад. Аксарияти арӯсон муносибати ҷинсии аввалинашонро дар шаби арӯсиашон таҷриба мекунанд - барои арӯси нав ин ҳолат аллакай пур аз танишу ҳаяҷон аст ва боре, ки бо ин анъана дар дами субҳ ба шонаи онҳо гузошта мешавад, метавонад сабаби озору ранҷиши онҳо шавад."

Сабаби риоя кардани ин анъанаро худи Саркис ба он рабт медиҳад, ки тӯйи онҳо дар деҳа баргузор шудааст: "Агар тӯй дар шаҳр мешуд, волидони мо ҳама чизро тариқи телефон бо якдигар муҳокима мекарданд. Аммо ҳама чиз дар деҳа рух дод ва дар он ҷо мардум натиҷаи "санҷиш"–ро бесаброна интизор буданд... Эълон накардани натиҷаи он «санҷиш» ҳатман "сарчашмаи ғайбат» мегашт. Ин анъана ҷавононро хиҷолатзада мекунад. Дар чунин лаҳзаҳо моро ҳисси шарм фаро мегирад".

Дар Арманистон аксари навхонадорон мехоҳанд, шаби аввали арӯсии худро дар яке аз меҳмонхонаҳои шаҳри Сахкадзор гузаронанд. Ин яке аз шаҳрҳои асосии осоишгоҳҳои кишвар мебошад. Одатан дар он меҳмонхонаҳо як кулба ё ҳуҷрае ба иҷора гирифта мешавад, ки барои пешвози навхонадорон оро дода шудааст ва дар он ҷо ҳамсарони нав як – ду рӯзи аввали пас аз тӯйро бо ҳам мегузаронанд.

"Ман деҳаамонро тарк накардам, зеро одамон метавонистанд фикр кунанд, ки мо алоқаи ҷинсии аввали худро пеш аз шаби тӯй баргузор кардаем. Мо намехоҳем, ки мардуми деҳа инро донанд. Барои пешгири ғайбату гапу калочаҳои бемаънӣ мо маҷбур шудем, ки бимонем", – гуфт Саркис дар давоми суҳбат.

Робитаи қабл аз никоҳ: тарафдор ва муқобил

Акоп, ки дар борааш дар боло навиштаем, қисса кард, ки дар аввал мехост бо дӯстдухтараш бе ақди никоҳи расмӣ бо ҳам дар як ҷо зиндагӣ кунанд, аммо падару модари духтар зидди ин гуна тасмим буданд.

"Албатта, барои ман ин кор осонтар буд, охир, ман ҷавонписарам. Барои ҷавондухтар чунин ҳолат мушкилзо аст. Новобаста аз он ки волидон шахсони пешрафта ҳастанд, ҳамаи мо дар ҷомеаи муҳофизакор зиндагӣ мекунем", – мегуяд ӯ.

Барои он ки дар оянда мушкиле пеш наояд, ҳамсарон тасмим гирифтанд, ки расман муносибати худро сабти ном кунанд.

Акоп бар он аст, ки "робитаи қабл аз издивоҷ падидаи одист», вале аксари мардуми Арманистон ба ин гуна ақида мувофиқ нестанд. Барои аксари мардон, алахусус онҳое, ки аз минтақаҳои дурдаст ҳастанд, робитаи қабл аз никоҳ аслан қобили қабул нест. Ин гуна ақида маҳз аз ҳамон афкорест, ки Артеми 29-сола дорад.

"Ман аз аввал ҳеч намехостам чунин духтареро ба хона биёрам. Алоқаи қабл аз никоҳи духтар маънои онро дорад, ки пеш аз ман дар зиндагии ӯ каси дигаре будааст. Ман бо духтаре мулоқот доштам ва дере нагузашта ошиқаш ҳам шуда будам. Пас аз чанде ӯ ба ман гуфт, ки ӯ зани талоқгирифта аст. Ва ҳамоно ман номи ӯро аз ҳаёти худам хат задам", – ифшо мекунад Артем.

Нарек мегӯяд, "агар касе пеш аз тӯй робита доштааст, маънои онро надорад, ки покиза нест ё ҳолати шармовар аст." Бо вуҷуди ин, Нарек назар дорад, ки "духтарони худро дар урфу одатҳои Арманистон ба воя мерасонад".

"Ман фарзандонамро чунон тарбия мекунам, ки қабл аз тӯй ягон робита надошта бошанд. Маро бо чунон ақида ба воя расониданд, ки хубу дуруст аст, агар духтар бакораташро то замони тӯй, барои шавҳари худаш нигоҳ дорад. Медонам, ки вақт гузарон аст ва ҳама чиз дар дунё тағйир меёбад ва шояд ман ҳам пас аз чанде фикри худро тағйир диҳам. Аммо агар ҳоло ман духтари 18-сола медоштам, албатта, зидди робитаи пеш аз издивоҷаш мебудам."

Бидуни "себҳои сурх"

Духтурон, мутахассисони занону зоймон (гинекологҳо) тасдиқ кардаанд, ки тақрибан дар 30 дар сади ҳолати робитаи аввалини ҷинсии занон резиши хун нопайдост. Духтурон ин ҳолатро ба физеологияи hymen (ба ном пардаи бакорат) вобаста медонанд, аммо расму ойини ҷомеа талаб мекунад, ки хун дар рахти хоб бояд пайдо бошад.

Дар Арманистон ҳолатҳое будаанд, ки арӯсро ба хонаи волидонаш бармегардониданд, зеро пас аз шаби аввали арӯсӣ рахти хоб тоза монда буд. Яке аз чунин ҳолатҳо чанд сол пеш дар шаҳри Мартуни вилояти Гегаркуник рух дода буд. Карина ҳамон сол дар бемористон ба ҳайси ҳамшираи тиббӣ кор мекард ва як духтари ҷавонеро ба ин бемористон барои "санҷиш" оварданд.

"Дар шӯъбаи мо доду фарёди даҳшатноке садо медод. Маълум шуд, ки як духтари ҷавонеро барои ташхис ба назди духтури занон овардаанд", – ба ёд меоварад Карина.

Карина дар он духтари ҷавон хеши худро шинохта буд, ки бо ҳамроҳии шавҳари нав, хушдоман ва хоҳари шавҳараш ба он бемористон омада буданд. Хешовандони нав ҳанӯз дар долони бемористон духтарро ба "нопокдоманӣ" айбдор мекарданд. "Чанде пас фаҳмидам, ки он рӯз тамоми мушкилоти ҷавонон иборат аз ҷойгирии махсуси пардаи бакорат дар тани ҷавондухтар будааст. Вале муносибати ҷавонон дар он замон аллакай хароб шуда буд. Ҷавондухтар аз дафтари духтури занон баромада, дар долони бемористон ба рӯйи шавҳараш як шаппотии сахте мезанад ва дар ҳамон ҷо ба хешовандони наваш мегӯяд, ки онҳоро тарк мекунад. Ҳоло ӯ зани хушбахт аст, бори дувум издивоҷ кардааст, вале саргузашти он ҷавонписар ва оилаи ӯро пас аз ин ҳодиса касе намедонад. Онҳо кӯчида рафтанд", – қисса мекунад Карина.

Ин масъала дар Тоҷикистон чӣ гуна аст, дар ин ҷо бихонед:

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Ташхиси бакорат дар Тоҷикистон. Таҷрибаи хабарнигор чиро нишон дод?

"Савори дучарха будам – бакоратамро гум кардам"

Духтароне, ки то никоҳ робита доштаанд, барои он ки "ба оилаи худ шармандагӣ наоваранд" тасмим мегиранд, аз амали гименопластика (як ҷарроҳие барои барқарор кардани пардаи бакорат) гузаранд. Дар Арманистон амали ин ҷарроҳӣ метавонад аз 100 то 400 доллар арзиш дошта бошад.

Духтури занон Елена Геворкова аз рӯйи тариқати ахлоқии шахсиаш ин ҷарроҳиро иҷро намекунад: "Ин ягон беморие нест. Ман ба он чун ба як васвасае назар дорам."

«Аммо чунин дархостҳо хеле зиёданд», – мегӯяд Геворкова. Ба қавли ӯ, аз даҳ духтари ба наздаш омада, нӯҳтоаш аз ҳолатҳои ба ҳам монанде нақле мекунанд: "Аслан, аз он афсонаҳоест, ки духтар дар айёми кӯдакиаш савори дучарха шуда буду афтид ва дар он ҳолат бакораташро аз даст дод ва ҳоло бояд издивоҷ кунад. Аммо акнун ӯ чӣ гуна покдомании худро метавонад исбот кунад? Афсонаи хубест, вале дар кишвари мо шумораи дучархасаворон он қадар ҳам зиёд нестанд."

Геворкова мегӯяд, аз се як ҳиссаи духтароне, ки тасмими гузаштан аз чунин амали ҷарроҳиро гирифтаанд, ба назди ӯ танҳо меоянд. Ва тахминан сеяки дигари онҳо ҳамроҳ бо модарашон меоянд.

Пизишк мегӯяд, ҳолатҳое ҳам будаанд, ки ба наздаш ҷавондухтаре ҳамроҳ бо дӯстписараш барои кумак омада буданд. "Чунин иттифоқ дар ҳолатҳое сар мезанад, ки шавҳари оянда дарк кардааст, ки назари модараш ба расму русуми "себи сурх" хеле шахшуда аст ва аслан эҳтимоли он вуҷуд дорад, ки субҳи рӯзи дигари шаби тӯй рахти хоби навхонадорон ташхис карда шавад. Бинобар ин, бо мақсади нороҳат накардани модаронашон, ин ҷавонписарон тасмим мегиранд, ки чунин иқдоме кунанд ва дӯстдухтарашон аз ин амали ҷарроҳӣ гузаранд", – шарҳ медиҳад Елена Геворкова.

Маросими пайи хун дар рахти хоб

Дар охири асри 19 ва ибтидои асри 20 дар Арманистон расму оинҳо дар бораи санҷиши бакорат чанд дигаргуние доштанд. "Маросими маъмултарини он нишон додани хун дар рахти хоб буд", – навиштааст олими мардумшинос Гаяне Шагоян дар китоби худ "Ҳафт рӯзу ҳафт шаб - манзараи тӯйи арманӣ".

Номи ин анъанаро "себи сурх" гузоштанд. Муҳаққиқон ин номгузориро бо он шарҳ медиҳанд, ки меваи себ рамзи борварӣ ва оғози умр ҳисобида мешавад, на ягон меваи дигар. Ва ҳам ранги шарбати себ сафед аст, ки рамзи покӣ шинохта шудааст. Ҳамчунин номгузории «себи сурх» нишони ранги сурхи хун рӯи рахти сафед аст.

Одатан, пас аз шаби аввали арӯсӣ рахти хобро барои намоиши ом мегузоштаанд ва пас дар хонаи домод ҷашне барпо мекарданд. Ва пас аз он ба хонаи модари арӯс ҳамчун дастовез себҳои сурх ва чизҳои дигар фиристода мешуданд.

"Дар солҳои 1940-1950 дар Капан (шаҳре дар ҷануби Арманистон) ин маросим дар доираи танги наздикон сурат мегирифт, зеро он замон имкон доштанд бакорати духтаронро қабл аз тӯй дар бемористон бисанҷанд ва тавре, ки ба ман фаҳмониданд, бо сабаби он ки барои туй пули иловагӣ сарф накунанд”, - менависад Гаяне Шагоян.

Дар минтақаҳои нисбатан дурдасти Арманистон, масалан, дар деҳаҳои наздисарҳадӣ вазъият тамоман дигар буд. То ба имрӯз, дар онҷо таври гузаронидани ин маросим аз маросимҳои навоҳии дигар хеле фарқ дорад. "Дар деҳоти наздисарҳадии Ташир анъанаи "себи сурх" то ба ҳол ба таври васеъ баргузор мешавад", – мегӯяд Шагоян.

Дар солҳои 1960 дар байни зиёиёни шаҳри Ереван анъанаи «себи сурх» дигар риоя карда намешуд. "Масъалаи бакорати духтар, як масъалаи шахсии ҳамсарон шинохта мешуд", – қайд мекунад мардумшинос Гаяне Шагоян. Аммо, идома медиҳад ӯ, пас аз 10 сол вазъ тағир ёфтааст - аҳолии зиёде аз деҳот ба пойтахт кӯчидаанд ва ин анъана дубора эҳё шудааст.

Имрӯзҳо сокинони шаҳрҳо ин анъанаро риоя намекунанд, аммо дар минтақаҳои дурдаст намоиши паи хун дар малофаи рахти хоб ҳануз ҳам анъанаи ҳатмӣ ҳисобида мешавад.

Номи қаҳрамонон бо хоҳиши онҳо иваз карда шудааст.