"Тарзе ҳамроҳат гап мезананд, ки гуё аз онҳо қарздор бошӣ"

Акс аз бойгонӣ

Кишоварзон дар минтақаи Кӯлоб бахше аз пахта ё пунбаи ҷамъовардаи худро, ки ихтиёрӣ ва ё бо дастури мақомот кошта буданд, ҳанӯз ба фурӯш набаровардаанд. Ин рақам дар ҳоли ҳозир ба беш аз ҳабдаҳ ҳазор тонна мерасад. Деҳқонҳо нархи поини пахтаро далел оварданд. Мақомот мегӯянд, банд мондани ҳазорҳо тонна пахта дар хонаву анбори мардум ба гузоришдиҳии онҳо халал расонд.

Дилшоди Давлаталӣ, сардори Раёсати кишоварзии минтақаи Кӯлоб, гуфт: "Сабаби ба ҳисобот ворид накардани пахтаи боқимонда ин аст, ки дар хонаҳои мардум захира карда шудааст. Зиёда аз 17 ҳазор тонна."

Пахта яке аз маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистон аст, вале солҳои охир майли деҳқонҳо барои кишту ҷамъоварии он кам шудааст. Мақомот кишоварзонро маҷбур мекунанд, ки ба ҷойи гандуму сабзавот, ки харидорони зиёд доранд, ҳатман дар гӯшае аз замини худ пахта бикоранд.

Намояндаи Идораи кишоварзии Кӯлоб гуфт, дар соли 2025 баъзе аз деҳқонҳо то шаст сентнер ҳосил гирифтанд. Аммо дар гузоришҳои расмӣ ишора шудааст, ки дар ноҳияи Восеъ, Фархор ва Ҳамадонӣ нақшаро иҷро накарданд.

Дилшоди Давлаталӣ гуфт, "аз ҳисоби Вазорати кишоварзӣ ва Оҷонси омор як гурӯҳи корӣ ташкил карда шуд. Рафта расм гирифтем. Санад тартиб додем. Муайян кардем, ки пахта дар ҳақиқат истеҳсол шуда, вале дар хонаҳои мардум захира гаштааст."

Кишоварзон мегӯянд, барои кишти имсола ба пул эҳтиёҷ доранд, вале бо сабаби поин будани нархи пахта ин маҳсулотро ба фурӯш набароварданд. Ба гуфтаи онҳо, ҳангоми ҷамъоварии ҳосили пахта нархи он то 6 сомонӣ буд, вале дертар то 4 сомониву 50 дирам поин омад. Чанд деҳқон ба Радиои Озодӣ шикоят карданд, ки пули пахтаи супоридаашонро ҳам гирифта натавонистанд.

"Моҳи сентябри соли 2025 дуним тонна пахта супоридем. Соли 2026 шуд. Қариб ҳар рӯз дар ҳаминҷо ҳастам. Ваъда медиҳанд, ки пулро месупоранд. Вақте барои гирифтани пул муроҷиат мекунем, тарзе ҳамроҳат суҳбат мекунанд, ки гуё ту аз онҳо қарздор бошӣ," – гуфт яке аз кишоварзон.

Танҳо дар як ноҳияи Восеъ беш аз ду ҳазор тонна пахта дар хонаи сокинон аст. Ҷамшед Шарифзода, раиси ноҳия, гуфт, кишоварзон ҳатто барои ба панҷ сомонӣ фурӯхтани ҳар килои он ба қавле “зор” шуданд.

“Як корхона пули 600 тонна пахтаро насупоридааст. Мақомот медонанд. Кор бурда истодаем. Аз деҳқонон хоҳиш кардем, ки ба мақомот муроҷиат кунанд. Дар шабакаҳо навор гузоштанд. Дидем. Ба мақомот ариза надодааст. Он одамро кофтанд ва масъаларо ҳал карданд," – афзуд ӯ.

Ҳоло баҳор ва айёми кишту кор наздик аст. Ҳарчанд вазири кишоварзии Тоҷикистон гуфт, набояд деҳқонро ба кишти пахта маҷбур кард, интизор меравад, ин кор дар соли 2026 ҳам идома ёбад. Деҳқонҳо мегӯянд, то замоне нархи пахта боло нараваду харҷи онҳоро напӯшонад, кишту ҷамъоварии бозаҳмати он ба нафъашон нахоҳад буд.

Видеоро дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

"Пахтаро замоне мефурӯшем, ки нарх муносиб шавад"