Муҳимҷон Раҳмонов, омӯзгор аз ноҳияи Нуробод, аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, ки латукӯб шудани ӯро аз нав таҳқиқ карда, сабабгори ҳодисаро ҷазои муносиб диҳанд, вагарна аз тарбияи фарзандони мардум даст мекашад. Ӯ баёнияашро дар як навори видеоӣ рӯзи 9-уми июн ба Радиои Озодӣ фиристод.
Раҳмонов мегӯяд, яке аз шогирдонро барои гапгардонӣ сарзаниш карда буд, аммо бародари ӯ, соҳибкор Миралӣ Орзуев, ба ҷойи ислоҳи вазъ 8-уми май омӯзгори ҷавонро зада ва ҳам ба куштан таҳдид кардааст.
Миралӣ Орзуев пештар ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки омӯзгорро назад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Омӯзгори латукӯбшударо ҷарима кардаандСанҷиши пизишкӣ осеб дидани омӯзгорро тасдиқ кард ва масъулони Шуъбаи маорифи ноҳияи Нуробод низ бо нияти кумак ба ӯ ба хонааш рафтанд. Аммо дертар додгоҳ омӯзгорро ҷарима баст ва омили латукӯби ӯ, Миралӣ Орзуевро панҷ рӯз ба ҳабс гирифт.
Муҳимҷон Раҳмонов 9-уми июн дар наворе ба Радиои Озодӣ гуфт, аз чунин бархӯрд навмед шудааст: "Бар замми ҳама заҳмату азобҳоям, заданд, боз ҷаримаам карданд. Мегӯянд, кори кардаи ӯ ҷиноят нест, ҳуқуқвайронкунӣ аст. Қонун дар бораи мақоми омӯзгорро касе ба инобат нагирифт."
Навор дар Инстаграм:
Шикояти як омӯзгор аз латукӯб шуданаш дар ҳолест, ки соли гузашта дар Тоҷикистон қонун “дар бораи мақоми омӯзгор” қабул шуд.
Ҳадаф аз ин қонун “баланд бардоштани мақоми омӯзгор, ҳифзи шаъну шарафи ӯ, фароҳам намудани заминаҳои мусоиди рушди касбият ва пешбинӣ намудани имтиёзҳои бештар барои онҳо” гуфта шуд.
Ҳоло Муҳимҷон Раҳмонов мехоҳад, қазия аз нав баррасӣ ва адолат барқарор шавад, агар не, кори омӯзгориро, ки бо умеди зиёде шуруъ карда буд, поён хоҳад дод.