Пас аз ҳушдори чанд қонунгузори амрикоӣ ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон, як додраси федеролӣ дар Ню-Йорк қарори ихроҷи эҳтимолии даҳҳо афғонистониро аз Иёлоти Муттаҳида то 7-уми ноябр боздошт.
Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, бозгардондани ин афрод ба Афғонистон ё Покистони ҳамсоя метавонад ҷонашонро дар хатар гузорад.
Кристофер Ҷорҷ, муовини ёвари раиси Идораи муҳоҷират ва гумруки Амрико (ICE), изҳор дошт, ки барои анҷоми чунин амалиёт дар ин ҳафта “ягон парвози чартерӣ” дар назар нест. Вай дар айни замон дар бораи нақшаҳои эҳтимолии оянда тафсилот надод.
Созмони иҷтимоии AfghanEvac, ки дар Калифорния ҷойгир аст, гуфта буд, ҳукумати Амрико барои рондани беш аз 150 афғонистонӣ омода мешавад.
Азбаски Иёлоти Муттаҳида бо "Толибон" муносибати расмии дипломатӣ надорад, наметавонад ихроҷи боздоштшудагонро ба Афғонистон ташкил кунад. Ба ҷойи ин, онҳо ба Покистон фиристода мешаванд ва сипас Исломобод онҳоро ба Афғонистон мефиристад.
Пас аз тасарруфи Кобул аз сӯи гурӯҳи тундрави “Толибон” дар моҳи августи соли 2021 даҳҳо ҳазор афғонистонӣ аз кишвари худ фирор карданд.