Дар Русия тарҳи қонунеро баррасӣ доранд, ки агар пазируфта шавад, зарбаи дигаре ба муҳоҷирони корӣ, бавижа фарзандони мактабхони онҳо хоҳад шуд.
Ин тарҳро вакилони Думаи давлатӣ ё порлумони Русия аз Ҳизби либерал-демократ омода кардаанд. Бар пояи он, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бидуни шаҳрвандӣ бояд харҷи таҳсили он фарзандни худро, ки дар синфҳои даҳум ва ёздаҳум мехонанд, бояд бипардозанд.
Як нусхаи ин санад, ки ба ҳукумати Русия фиристода шудааст, дар ихтиёри хабаргузории давлатии “ТАСС” ҳам қарор гирифтааст. Раҳбари ҳизби ЛДПР, Леонид Слутский, ба ин хабаргузории русӣ гуфтааст, пуле, ки аз ин ҳисоб захира мешавад, бояд барои беҳбуди таҳсили хонандагони рус харҷ шавад.
"Ба ақидаи мо, агар оилаи муҳоҷир мехоҳад, ки фарзандаш дар синфҳои болоӣ таҳсил кунад, пас, бояд ҳаққи хонданро пардозад. Оилаҳои русӣ ҳақ доранд, талаб кунанд, ки пули ҳангуфте, ки барои таҳсили фарзандони муҳоҷирон харҷ мешаванд, барои беҳбуди таҳсили кӯдакони оилаҳои русӣ сарф карда шаванд,” – афзудааст ӯ.
Дар тарҳи пешниҳодии ҳизби ЛДПР чизе дар бораи таҳсил дар муассисаҳои миёнаи касбӣ гуфта нашудааст. Ин маънои онро дорад, ки фарзандони хориҷиёну афроди бешаҳрвандӣ имкон хоҳанд дошт, баъд аз хатми синфи нуҳум дар мактабҳои миёнаи касбӣ таҳсил кунанд.
Инро ҳам бинед:
"Кӯдакон ба куҷо раванд?" Минихонов аз фарзандони муҳоҷирон ҳимоят кардАз моҳи апрели соли 2025 дар Русия талабот дар бораи таҳсили фарзандони муҳоҷирон дар мактабҳо сахттар шуда, қабл аз сабти ном дар мактаб фарзанди муҳоҷир бояд имтиҳони забони русӣ супорад ва дар бораи ҳузури қонунияш дар ин кишвар ҳуҷҷат пешниҳод кунад. Чизе, ки боис ба кам шудани шумораи фарзандони шаҳрвандони хориҷӣ дар мактабҳои Русия гардидааст.
Аз ҷумла, тибқи омори Вазорати маорифи Русия, дар соли таҳсили 2025-2026 шумораи муҳассилин аз Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон дар ин кишвар 27 дарсад коҳиш ёфт. Агар то қабули қонун дар мактабҳои Русия 122 ҳазор фарзанди муҳоҷирон аз ин се ҷумҳурии Осиёи Марказӣ таҳсил мекарданд, ҳоло ин рақам то 89 ҳазор нафар поин омадааст.