Тақсими доруи кирми рӯда дар Тоҷикистон ҷанҷолӣ шуд

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Вазорати тандурустии Тоҷикистон овозаҳоро дар бораи бемор шудани як хонандаи мактаб баъди хӯрдани доруи зидди кирми рӯда рад кард. Рӯзи 8-уми апрел дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки дар он волидони як хонанда мегӯянд, аҳволи фарзандашон баъди истеъмоли як дору дар мактаб бад шудааст.