"Парастиши як шахс." Танқиди як гурӯҳи мухолиф аз Рӯзи президент дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон. Акс аз 5-уми октябри 2026

Як созмони мухолифи ҳукумат шеваи таҷлил аз Рӯзи президентро дар Тоҷикистон сахт танқид карда, гуфтааст, мақомоти расмӣ онро ба баҳонаи дигаре барои парастиши шахси раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон табдил додаанд. "Ин ҷашн на ҷашни институти президентӣ, балки маросими парастиши як шахс аст," – навиштааст "Гурӯҳи 24" дар баёнияи худ.

16-уми ноябр дар Тоҷикистон рӯзи президент эълон шудааст ва дар остонаи он сиёсатмадорону мақомоти расмӣ бо нашри гузоришу суҳбатҳо Эмомалӣ Раҳмонро васф карданд.

Дар муддати камтар аз се рӯз танҳо хабаргузории давлатии “Ховар” дар бораи ӯ тақрибан даҳ мақола гузоштааст. Аз ҷумла, Гулафзо Савриддинова, яке аз вакилони собиқи мардумӣ, дар суҳбат бо ин расонаи давлатӣ ва бо ишора ба ҷанги дохилии солҳои 90 гуфтааст, “Эмомалӣ Раҳмон тоҷиконро аз вартаи нобудӣ наҷот дод.”

Қобилҷон Хушвахтзода, раиси Академияи миллии илмҳо, ки дар гузашта аз сӯйи пойгоҳи ифшогари "Диссернет" ба асардуздӣ муттаҳам шуда буд, президент Раҳмонро “асосгузори истиқлоли воқеии Тоҷикистон” номидааст.

Аммо “Гурӯҳи 24”, ки пайравонаш дар хориҷ аз Тоҷикистон қарор доранд, рӯзи 15-уми ноябр бо нашри як баёния гуфт: “Дар шабакаҳои телевизионӣ, сомонаҳои расмӣ ва толорҳои бошукӯҳ суханрониҳо дар бораи “наҷотдиҳанда” ва “бунёдгузори сулҳ” авҷ мегиранд. Аммо агар пардаи таблиғоти давлатиро бидарем ва ба китобҳои таърих ва санадҳои ҳуқуқӣ назар андозем, як ҳақиқати талх ошкор мешавад, ин ҷашн на ҷашни институти президентӣ, балки маросими парастиши як шахс аст, ки таърихи пеш аз худро аз хотираи ҷомеа пок карданӣ аст.”

Ҷунбиши мухолифи "Гурӯҳи 24” Қаҳҳор Маҳкамов ва Раҳмон Набиев, раҳбаронпи пешини Тоҷикистонро намуна овардааст, ки дар солҳои 90-уми асри гузашта муддате раисҷумҳур буданд ва пурсидааст, ки чаро номи онҳоро ба забон намеоранд. Дар баёния омадааст, мақомот дар Тоҷикистон мехоҳанд “вонамуд кунанд, ки гуё Тоҷикистон то омадани Эмомалӣ Раҳмон ҳеч гуна низоми президентӣ надошт ва ҳама чиз аз сифр оғоз шуд.”

Инро ҳам бинед:

"Рӯзи Президент" чӣ гуна пайдо шуд? Хотираҳои як хабарнигор

Агарчӣ нақши Эмомалӣ Раҳмонро, ки бештар аз 30 сол боз раҳбари Тоҷикистон аст, дар нигаҳ доштани субот дар кишвар кам намедонанд, мухолифону мунтақидон ва кишвару созмонҳои ғарбие чун Amnesty International, Freedom House ва Human Rights Watch ӯро солҳои охир барои саркӯби дигарандешон, поймоли ҳуқуқи мардум, тамаркузи қудрат дар дасти хешовандон ва атрофиёнаш танқид мекунанд.

"Гурӯҳи 24"-ро тоҷири норозӣ Умаралӣ Қувватов соли 2012 дар Русия бунёд гузоштааст. Худи ӯ соли 2015 дар шаҳри Истанбул кушта шуд. Додгоҳи олии Тоҷикистон соли 2014 "Гурӯҳи 24"созмони экстремистӣ ва мамнуъ эълон кард. Пайравонаш ин қарорро намепазиранд. То кунун даҳҳо нафар дар Тоҷикистону Русия ва кишварҳои дигари пасошӯравӣ бо иттиҳоми тарафдорӣ аз “Гурӯҳи 24” боздошту зиндонӣ шудаанд.