Таъмири хонаи як додситони собиқ ҷанҷолӣ шуд

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Таъмири хонаи як додситони собиқ дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд ҷанҷолбарангез шуда, баҳси он то ба додгоҳ рафтааст. Коргарон даъво доранд, ки хонаро ҳудуди чор моҳ таъмиру ороиш карданд, аммо муздашонро пурра гирифта натавонистанд.