Талабгорони ҳабси якумрии вазири пешин ҷарима шуданд

Додгоҳи шаҳри Алмато ҳаммуассисони ташаббуси "Feminita" Гулзод Сержан ва Гулбакит Отебайро ҷарима бастааст. Онҳо ба ташкили ҷамъомади бидуни иҷозат гунаҳкор дониста шуданд.

Худи фаъолони мадании қазоқ ин иттиҳомро рад карданд. Мегӯянд, дар иқдоми эътирозӣ иштирок доштанд, вале онро ташкил накардаанд.

Мурофиа рӯзи 15-уми май баргузор шуд. Намояндагони "Feminita" гуфтанд, санадҳои тартибдодаи маъмурони пулис ташкили иқдоми эътирозиро аз ҷониби гумонбарон исбот накарданд.

Як гурӯҳ аз фаъолони Алмато баъд аз эъломи ҳукми вазири пешини иқтисоди миллии Қазоқистон Қувандиқ Бишимбоев, ки ба куштани ҳамсараш гунаҳкор дониста шуд, ҳамоиши эътирозӣ баргузор карданд.

Додгоҳ ӯро ба 24 сол зиндон маҳкум кард. Эътирозгарон талаб карданд, ки Бишимбоев ба ҳабси якумрӣ маҳкум карда шавад.