Оишаро баъди 40 рӯзи таваллуди кӯдакаш ба Тоҷикистон меоранд. ВИДЕО

Чор тифли тоҷик охири моҳи апрел ба Тоҷикистон оварда шуданд

Як мақоми вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, дар навбати баъдии бозгашт аз Ироқ - як зани ҷавонест, ки қарор аст рӯзҳоии наздик фарзанди нахустини худро таваллуд кунад. Оиша духтари 16-сола аст ва бар асоси тавофуқ бо мақомоти Ироқ, дар фурсати 40 рӯзи баъди таваллуди фарзанд ӯ ба Душанбе интиқол меёбад.

Дар ин бора рӯзи 4 май ба Радиои Озодӣ сафири Тоҷикистон дар Кувайт Зубайдулло Зубайдов хабар дод. Ин дипломати тоҷик бо супориши президент масъули умури Тоҷикистон дар Ироқ ҳам ҳаст ва дар интиқоли чор кӯдаки тоҷик аз Бағдод ба Душанбе дар охири апрели соли ҷорӣ иштирок кардааст.

Ба иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, ин духтари тоҷик феълан дар яке аз бемористонҳои шаҳри Бағдод зери назари табибон аст, саломатиаш хуб арзёбӣ мешавад. ЮНИСЕФ - Бунёди атфоли СММ аз ӯ муроқибат мекунад ва мегӯяд, ки дар марҳилаи кунунӣ ӯ аз чизе шикоят надорад. Ин духтари тоҷик баъди кушта шудани волидонаш дар қаламравҳои зери назари гурӯҳи ба ном "Давлати исломӣ" бо се хоҳару додараш танҳо монд ва ӯро ба як марди тоҷики дигар ба занӣ доданд. Зоҳиран шавҳари ӯ ҳам дар даргириҳо кушта шуд.

Мақомоти Ироқ ҳам мегӯянд, ки дар асоси мувофиқа бо ҷониби Тоҷикистон, ин ҷавонзан баъди 40 рӯзи таваллуди кӯдакаш ба ҷониби Тоҷикистон супурда мешавад. Интиқоли ӯ ба ватан дар чаҳорчӯби супориши президенти Тоҷикистон сурат мегирад, ки гуфтааст, кӯдакон ва афроди дигари бегуноҳро аз қаламравҳои ҷангӣ ба ватан баргардонанд.

Охири моҳи апрел бар асоси ҳамин супориш нахустин гурӯҳи чорнафарии кӯдакони ятиммондаи тоҷик ба Душанбе интиқол ёфтанд. Дар ин бора рӯзи 4 май як мақоми баландпояи Ироқ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ҳам маълумот дод.

Доктор Омол Мусо Ҳусейн, раиси департаменти робита бо кишварҳои Осиё ва Австралия дар вазорати хориҷаи Ироқ, ки дар ҳошияи нишасти мубориза бо терроризм дар Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, ки мақомоти кишвараш бо ҷониби Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунад.

Омол Мусо Ҳусайн, раиси департаменти робита бо кишварҳои Осиё ва Автралияи вазорати хориҷаи Ироқ

Омол Мусо Ҳусейн дар посух ба саволе, ки сарнавишти занҳои боздоштшудаи тоҷик дар Ироқ чӣ хоҳад шуд, қотеона гуфт, ки сарнавишти онҳо дар дасти додгоҳ аст ва агар додгоҳ қарор кунад, ки онҳо гунаҳгоранд, "мо коре карда наметавонем". Ӯ, аз ҷумла, гуфт, агар маълум шавад, ки ин занҳо вориди ҷанг набуданд ва танҳо шавҳаронашонро ҳамроҳӣ кардаанд, пас озод мешавад. "Инро додгоҳ маълум мекунад. Вале бояд гуфт, ки аксари ин занҳо марзи Ироқро ғайриқонунӣ убур кардаанд, ки як қонуншикании ҷиддӣ аст".

Ин мансабдори Ироқ гуфт, бисёр занони миллатҳои дигар дар маҳбасҳои Ироқ ҳуввияти аслии худро пинҳон медоранд ва гоҳо худро тоҷик муаррифӣ мекунанд. Санҷишҳои баъдӣ нишон додаанд, ки онҳо қирғиз ва ё қазоқ ҳастанд. Омол Мусо гуфт, ки ба манзури дақиқ муайян кардани ҳуввияти зиндониён мақомот онҳоро аз санҷиши ДНК мегузаронанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Интизорӣ ба поён расид. Кӯдакони тоҷикро аз Ироқи ҷангзада оварданд

Рӯзи 25-уми апрел чаҳор кӯдаки тоҷик аз Ироқ ба Тоҷикистон оварда шуд. Вазорати умури хориҷӣ гуфт, кӯдакон бо кӯмаки намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар Кувайт, Остона, Теҳрон, Анқара, Маскав ва Иморот, бо ҳамдастии вазорати корҳои дохилӣ ва ҳамоҳангии вазорати умури хориҷии Ироқ бозпас оварда шуданд.

Дар маҷмӯъ бештар аз 1000 шаҳрванди Тоҷикистон дар чанд соли гузашта ба Ироқу Сурия рафта, ба гурӯҳҳои тундрав ба мисли гурӯҳи "Давлати исломӣ" пайвастанд. Баъзе аз онҳо, ки кӯдаконашонро бо худ бурдаанд, дар ҷангҳо кушта шудаанд ва маълум нест, чанд ятими дигари тоҷик дар Ироқу Сурия мондаанд.