Вокунишҳо аз Тоҷикистон ба хунрезӣ дар Орландои Амрико (Видео)

Бадди Дйер, шаҳрдори Орландо ва Ҷон Мина, сардори идораи пулис ҳангоми гулгузорӣ ба хотири қурбониёни ҳамла.

Сокинони Тоҷикистон бо ин ки нисбат ба ҳамҷинсгароӣ назари хубе надоранд, аммо ҳамлаи маргбор ба клуби ҳамҷинсгароён дар Амрикоро ваҳшиёна мехонанд ва ин амалро маҳкум мекунанд. Ҳарчанд гурӯҳи зиёде ҳам зимни пурсиш дар кӯчаҳои Душанбе ҳозир нашуданд, дар ин бора сӯҳбат кунанд.

Армон, ки аз ин ҳодиса огаҳ шудааст, мегӯяд, шариат ҳамҷинсгароиро гуноҳ медонад, вале ин ба маъние нест, ки нисбат ба ин гурӯҳ ҷабру зулм бишавад. Ӯ мегӯяд, "дар тамоми кишварҳо, ҳатто дар Тоҷикистон низ ин гуна одамон (ҳамҷинсгароён) вуҷуд доранд, зиндагӣ мекунанд ва ин маънои онро надорад, ки онҳоро бояд кушта шаванд. Ба фикрам, ин кори бад аст. Ҳар бояд кори худро кунаду ба дигаре кордор набошад”, - мегӯяд ин сокини пойтахти Тоҷикистон.

Дар қатори сарварони кишварҳои ҷаҳон раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ ба президенти Амрико Барак Обама дар робита ба куштори 49 нафар дар клуби шабона дар Орландо изҳори тасаллият кард. Президенти Тоҷикистон дар паёмаш гуфтааст, ки хабари ҳамлаи террористӣ дар Орландоро "бо андӯҳи бузург ва нафрати беандоза" дарёфтааст.

Шаби 11 ба 12 июн дар клуби шабонаи ҳамҷинсгароён дар Орландо 49 нафар кушта ва беш аз 50 тани дигар захмӣ шуданд. Бино ба иттилои пулис, Умар Сиддиқ Матини 29-сола як шаҳванди афғонтабори Амрико наздикии соати 2-и шаб дохили клуб шуда, оташ кушодааст.

Баъди ба гаравгон гирифтани теъдоде аз муштариёни клуб ва тирандозӣ бо маъмурони пулис кушта шуд. "Давлати исломӣ" эълон кард, ки Умар Сиддиқ Матин "сарбози" ин гурӯҳ буд. Мардуми Тоҷикистон, ки мисли аксар мусалмонҳо ҳамҷинсгароиро гуноҳ мешуморанд, дар гузашта нисбати онҳо ботаҳаммул буданд.

Аммо солҳои ахир видеоҳои бадрафторӣ бо ҳамҷинсгароён дар Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ дида мешавад ва як нафари онҳо дар шимоли Тоҷикистон кушта ҳам шудааст. Бар тибқи арзёбиҳои тиббӣ ва демографӣ, теъдоди ҳамҷинсгароён дар кишвар мумкин аст, ба 30 ҳазор нафар бирасад.

Ҳамҷинсгароӣ дар Тоҷикистон ҷазо надорад ва онҳое, ки нисбати ин афрод бадрафторӣ мекунанд, тибқи қонун ҷазо мегиранд. Зӯроварии солҳои ахир ба намояндагони ҳамҷинсгароҳо дар Тоҷикистонро маъмулан ба мазҳабӣ шудани ҷомеа рабт медиҳанд. Талоши мо барои сӯҳбат бо чандин рӯҳонии тоҷик дар заминаи дарёфти вокунишҳо ба ҳамлаи ахир дар Орландо натиҷа надод.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Садо аз Тоҷикистон ба Орландо