Безараргардонии партовгоҳи бузурги ҳастаии Тоҷикистон шурӯъ шуд

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Рӯйпӯш кардани партовгоҳи бози радиатсионии воқеъ дар мавзеи Деҳмойи вилояти Суғд бо қабати хок шурӯъ шудааст. партовгоҳи радитсионии Деҳмой бузургтарин чунин партовгоҳ дар Осиёи Марказӣ буда, дар он ҳудуди 36 миллион тонна маводҳои дорои маводи радиоактив дар масоҳати беш аз 80 гектар хобидаст.