Сокинони яке аз биноҳои маҳаллаи 32-юм дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе мегӯянд, тақрибан ним сол аст, ки наметавонанд, аз ҳаммомҳои худ дуруст истифода баранд, зеро бо ворид шудан ба “ванна” онҳоро нерӯи барқ мезанад.
Видеое, ки яке аз сокинони кӯчаи ба номи Маяковский аз хонаи шумораи 75 фиристод, нишон медиҳад, чӣ гуна баъди ба лӯлаи газ расонидани оҳане, ки зоҳиран нерӯи барқ дорад, шарораҳои баланд мепарад. Сокини хона рӯзи 25-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, бо даст расонидан ба лӯлаи газ, ки хушбахтона "газ надорад", одамро нерӯи барқ мезанад.
"Субҳ худ ба худ аз бадани лӯла шарора мехезад, дар баъзе хонаҳо сокинонаш дар ҳаммом оббозӣ карда наметавонанд, чун нерӯи барқ мезанад. Шарораҳо гоҳо то 30 сантиметр мерасанд, мисли оташи кафшер ва ё оташбозӣ", - гуфт ҳамсуҳбати мо.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ба қавли мусоҳиби Радиои Озодӣ, "занҳо барои рафъи ин хатар ба мақомот муроҷиат карданд, вале мушкил боқӣ мондааст ва кӯдаконро борҳо нерӯи барқ задааст."
Сокини бино гуфт, ки аз мутахассисон сабаби ин ҳолатро пурсидаанд ва онҳо гуфтаанд, "шояд касе ноқилҳои нерӯи барқро нодуруст васл карда бошад ва онро бояд пайдо кунанду аз лӯла ҷудо созанд.“
Ба қавли мусоҳиби Радиои Озодӣ, субҳ аз ин лӯла худ ба худ шарора мехезад ва хатари оташ гирифтани хонаҳо зиёд аст. Ҳоло шабакаҳои гармидиҳии ин хонаҳо кор намекардааст, вале баъди таъмири лӯлаҳои бино ба сокинон ваъда додаанд, ки имсол оби гарму гармӣ хоҳанд дошт.
Як мутахассиси соҳа баъди дидани видео дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, васли нодурусти ноқилҳои барқ ва риоят нашудани меъёрҳои бехатарӣ метавонад, сабаби чунин ҳодисаи ғайримуқаррарӣ ва хатарнок бошад.
Видеоро аз тариқи ИМО ба Радиои Озодӣ фиристоданд. Шумо ҳам агар хабар ва ё видеои ҷолибе доред, ба мо бифристед ва аз тариқи ИМО, Вотсапп, Вайбер ва Телеграм ва ба ин рақам +420 724 053 959