Даниэл, Мадина, Қадами Қурбон... Шоубизнеси тоҷик дар соли 2018. ВИДЕО

Таронаҳои Зулайхо Маҳмадшоева соли 2018 дар шабакаи YouTube миллионҳо тамошобин дошт

Соли 2018 аксар таронаҳои наву тозаи ситораҳои тоҷик на аз саҳнаҳои баланди ҳунарӣ, балки бештар тавассути шабакаҳои иҷтимоиву интернет ваё озмуну ҷашнвораҳо дар хориҷи кишвар муаррифӣ шуд.

Чан исмҳои наве ҳам дар ҳунари мусиқии тоҷикӣ зуҳур кард. Дар миёни онҳо, ба қавли продюсерҳои мусиқиву таронанависони шинохта Мадина Ақназарова, Нишонаи Рустам, Шаҳнозаи Рустам мавриди таваҷҷӯҳ буданд.

Соли 2018 пойгоҳи интернетиро бархе ҳунармандони тоҷик тавонистанд ба манфиати худ истифода кунанд. Ба қавли Орзу Исоев, Меҳрнигори Рустам ва Зулайхо Маҳмадшоева аз ҳамон ҳунармандоне буданд, ки таронаҳояшонро дар YouTube миллионҳо тамошобин дидааст.

Айни замон, дар эҷодиёти ситораҳои пуртарафдори мисли Нигина Амонқулова, Шабнами Сурайё, Садриддини Нажмиддин ва дигарҳо оҳангҳои нав зиёд набуд ва аз ҳамин назар ҳам, ба қавли продюсерҳои ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ, ҳузури ин ҳунармандон дар давоми сол назар ба солҳои пеш камранг буд.

Орзу Исоев, таронанависи маъруфи тоҷик мегӯяд, соли 2018 бисёр ҳунармандони ҷавон тавонистанд ба рақобатҳои ҳунарии кишварҳои хориҷа роҳ ёфта, истеъдоди хуби ҳунарии худро ба намоиш гузоштанд.

Ҷилои тоҷикон дар барномаҳои телевизионҳои марказии Русия

Як аз онҳо Сафармуҳаммади 21-сола буд, ки бо таронаи “Шаби боронӣ” Тоҷикистонро дар барномаи телевизионии «Silk Way Star»-и Алмаатои Қазоқистон муаррифӣ кард. Охири сол бисёриҳо дар Тоҷикистон аз талошҳои овозхони дигари тоҷик – Даниэл Рустамови 23-сола дар барномаи пуртарафдори шабакаи якуми телевизиони Русия “Голос” пайгирӣ карданд.

Рустамов оҳангҳои худро ба русӣ иҷро мекунад ва дар чанд даври озмун баҳои баланди доварони мусиқӣ – ситораҳои ҳунари Русияро ҳам ба даст овард. Яке аз пуризтиробтарин таҷрибаҳоро дар саҳнаи мусиқиро духтари тоҷик Меҳрона Ғайбуллоеваи 17-сола пушти сар кард. Ширкати ин духтари нимаятим дар чанд марҳилаи муҳими озмуни телевизионии “Ты супер”, ки ҳамчунин дар шабакаи аввали ТВ Русия намоиш дода шуд, дар Тоҷикистон ҳам яке аз ҳаводиси муҳими фарҳангии сол арзёбӣ мешавад.

Аз саҳнаи воқеӣ ба саҳнаи маҷозӣ

Айни замон, соли 2018 дар Тоҷикистон бисёр ҳунармандон аз ташкили консертҳои ҳунариву муаррифии барномаҳои нави эҷодӣ худдорӣ карданд. Ба қавли продюсери мусиқӣ Баҳриддин Сабурӣ, ташкили консертҳои ҳунарӣ дар толорҳои пуртамошобин барои бисёр ҳунармандони тоҷик бо сабаби гарониву камфоида буданаш амри маҳол шудааст. Ӯ гуфт, азбаски консертҳо масрафи зиёд дорад, овозхонҳо дигар “таваккал намекунанд”. Баргузории консерти ҳунарӣ дар толорҳои боҳашам дар муаррифии васеи ҳунарманд дигар нақши зиёд намебозад. Ин вазифаро интернет иҷро мекунад.

Масъалаи пардохти ҳаққи эҷоди оҳангу таронаҳои нав, ба қавли дастандаркорони шоубизнеси тоҷик, то рафт як мушкили ҷиддӣ мешавад ва онҳое, ки мехоҳанд таронаҳояшон шунида шавад, нахуст аз муаррифии нусхаи МП3-и оҳангашон дар шабакаҳои интернетӣ шурӯъ карда, дар беҳтарин ҳолат клипи мусиқии серхарҷе таҳия мекунанду онро аз “саҳнаи маҷозӣ” ё интернет ба намоиш мегузоранд.

Соли 2018 пойгоҳи интернетиро бархе ҳунармандони тоҷик тавонистанд ба манфиати худ истифода кунанд. Ба қавли Орзу Исоев, Меҳрнигори Рустам ва Зулайхо Маҳмадшоева аз ҳамон ҳунармандоне буданд, ки таронаҳояшонро дар YouTube миллионҳо тамошобин дидааст.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ҷилои ситораҳои ҳунари тоҷик дар саҳнаҳои маҷозӣ

Ситораҳои дигари ютюбӣ: Қадами Қурбон ва Ҷамилаи Икром

Баробар бо ин ҳунармандон, шабакаи Интернет дар таблиғи овозхонҳое ҳам хидмат кард, ки эҷодиёташон дар ҷомеа бо вокунишҳои зиддунақиз рӯбарӯ шуд. Яке аз пурбаҳстарини онҳо Қадами Қурбон, овозхоне аз Шӯрообод буд, ки ҳар як сабти ҳунарнамоиҳояш миллионҳо тамошобин ва вокунишҳои зиёд дар пай дорад. Ин овозхон тавонист бо муаррифии сабти таронаҳои моҷаробарангезаш мавриди нороҳатии бархе дигар овозхонҳои касбӣ шавад.

Охири сол дар як ҷаласаи вазорати фарҳанг Фахриддини Малик дар бораи ӯ гуфт, “агар дар интернет “ситораи тобноки тоҷик” нависӣ, Қадами Қурбон мебарояд”. Фахриддин гуфт, ки ҷои ин ном бояд исми овозхонҳои касбии мисли Давлатманди Хол зикр шавад. Вале дар вокуниши ғайрирасмиаш ба ин интиқд Қадами Қурбон аз ҳунар ва эҷодиёти худ ҳимоят кард. Ҳамингуна дар миёни хонандаҳои пуртамошобини шабакаҳои иҷтимоӣ, вале ба ҳамин андоза баҳсбарангез - Ҷамилаи Икром ҳам мебошад, ки аз назари мазмуну тарзи иҷрои таронаҳояш дар мавзӯи куштору “банг” ба ҳайси як овозхони моҷаробарангез ёд мешавад.

Таронаҳои Қадами Қурбон соли 2018 баҳси зиёд эҷод кард

Садриддин дар Амрико буд...

Соли 2018 овозхон Садриддин Нажмиддин бештар дар хориҷа, аз ҷумла ИМА зиндагиву кор кард ва ҳамин дурии ӯ, ба қавли продюсерҳои тоҷик, боиси камтар муаррифӣ шудани ҳунари ӯ дар дохили кишвар шуд. Шабнами Сурайё, ки соли 2018 ба ҳаракати байналмилалии "Ҳамкорӣ барои ҷилавгирӣ аз бемории сил"-и СММ пайваст, бештар ба ҳангоми ширкат дар барномаҳои иҷтимоиву хайрия дида шуд. Овозхон Дилноза Каримова, ки дар оғози сол якбора ду азизаш - писар ва модарашро аз даст дод, танҳо охири сол бо таронаи наве дар васфи модар ба саҳнаи ҳунар баргашт.

27 сентябр, Ню-Йорк

Вале хабари хуби сол, ба қавли Зеваршоҳи Муҳаммад, ҷилои ҳунари Мадина Ақназарова буд, ки ӯ, аз назари ин продюсер, ҳамчун як ситораи воқеии сол аз худ дарак дод. Овозхонии ӯ дар консерти “Шоми дӯстӣ” дар Душанбе ба ифтихори барқарор шудани муносибатҳои сиёсиву фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон моҳи март яке аз хотирмонтарин ҳодисаҳои фарҳангии сол шуд. Ҳунарманди дигари мавриди истиқболи гарми ҳаводорон дар соли 2018 Дамирбек Олимов буд, ки, ба қавли коршиносони мусиқӣ, бо сабки хоси иҷро ва мӯҳтавои таронаҳояш аз дигарон фарқ мекунад.

Зимнан, ба қавли шоир Орзу Исоев, падидаи мусбати дигари сол ин буд, ки бисёр ҳунармандони тозакор на танҳо ба оҳанг, балки ба мазмуну шеърияти тарона ҳам таваҷҷӯҳ карданд.