Муҳоҷирони дармондаи тоҷик: "Нони хӯрданӣ надорем"

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Гурӯҳе аз муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, бештар аз се рӯз аст, дар роҳ ба сӯи Русия дар Қирғизистон дармондаанд. Яке аз ин муҳоҷирон видеоеро аз вилояти Ботканд ба Радиои Озодӣ фиристод, ки нишон медиҳад, даҳҳо муҳоҷири тоҷик зери борон истодаанд ва ё дар утоқҳои танге нишаста ва шикоят мекунанд.