Матбуоти Русия некии Собирро гуфт, ному ватанашро пинҳон дошт

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Як муҳоҷири тоҷик дар Маскав, ки духтареро аз марг наҷот дод, дар ҳайрат аст, ки чаро матбуоти Русия номи ӯро дар гузоришҳояшон набурдаанд. Собир Хаспаллаев, рӯзи 5-уми декабр худро ба рӯдхонае дар Маскав андохт ва аз оби сард духтари беҳушеро берун овард. Хабарро нашр карданд вале бе номи Собир.