Ҷавони тоҷик дар зиндони Арабистони Саудӣ

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Мақомоти Арабистони Саудӣ як ҷавони тоҷикро, бо иттиҳоми риоят накардани муқаррароти иқомат боздошт кардаанд. Сокини 25-солаи ноҳияи Восеъ рӯзи 17-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳафтае пеш дар маҳаллае дар канори Риёз дастгир шуд ва ба ӯ гуфтаанд, ки мумкин аст, ба Тоҷикистон ихроҷ шавад.