Гӯристони Ёвон дар ноҳияи Айнӣ оташ гирифт

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Нияти хайри гурӯҳе аз сокинони деҳаи Ёвон дар ноҳияи Айнӣ дар рӯзи 9-уми август ва дар остонаи Иди Қурбон, бо ҳодисаи ғамангез анҷом ёфт. Кӯшиши дастаҷамъона барои покиза кардани оромгоҳи деҳа дар рӯзи 8-уми август, натиҷаи баръакс дод, чун қисме аз оромгоҳ ба сабаби беэҳтиётӣ оташ гирифт ва сӯхт.