Наҷоти 39 кӯдаки тоҷик пеш аз таркиши мудҳиш

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Бар асари таркиши як мошини ҳомили даҳ тонна газ дар минтақаи Ҳушёрии ноҳияи Варзоб, бинои Осоишгоҳи ҷумҳуриявии бемориҳои кӯдаконаи дилу тарбод, осеби ҷиддӣ дидааст. Ҳодиса соати 12-и шаби 30-уми август рух дод ва мақомот мегӯянд, ки таркиш талафоти ҷонӣ дар пай надошт.