Иёлоти Муттаҳида ба зидди Алишер Домуллоҷонов, зодаи шаҳри Душанбе, ки шаҳрвандии Тоҷикистон ва Русияро доштааст, таҳрим ҷорӣ кард.
Департаменти давлатии Амрико рӯзи 4-уми ноябр ӯро ба мусоидат дар талошҳо барои хариди маҷмааи сайёри мушакии зиддиҳавоӣ барои Эрон муттаҳам донист.
Дар рӯйхати таҳримҳо нишонии Алишер Домуллоҷонов вилояти Маскави Русия оварда шудааст.
Ҳамзамон Муҳаммад Алӣ Толибов, роҳбари ширкати Armory Alliance, ки дар Беларус сабти ном шудааст ва ширкати Vanguard Tactical Supply Limited аз Нигерия низ таҳти таҳрим қарор гирифтанд.
Ба навиштаи Департаменти давлатӣ, Armory Alliance ҳамчун миёнарав байни ширкатҳои чинӣ ва Эрон кор мекард ва дар талошҳои ташкили хариди садҳо маҷмааи сайёри мушакии зиддиҳавоӣ иштирок дошт.
Vanguard Tactical Supply, тавре ки ин ниҳод изҳор кардааст, барои ташкили интиқоли маҷмааҳои чинӣ ба Эрон мусоидат мекард.
Департаменти давлатии Амрико изҳор доштааст, ки таҳримҳои нав барои пешгирӣ аз шабакаҳое равона шудаанд, ки Теҳрон ба воситаи онҳо кӯшиш мекунад захираи низомии худро барқарор намояд.
Аз ин пеш, Сӯҳроб Оймаҳмадов, шаҳрванди Тоҷикистон ва раиси ширкати “Zedx DMCC” дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, барои фаъолият ба нафъи шабакаи молии миллиардери эронӣ, Бобаки Занҷонӣ, ба рӯйхати таҳримҳои Иёлоти Муттаҳида ворид шуда буд.
Мақомоти амрикоӣ ин ширкатро узви шабакаи молие номбар карданд, ки зери раҳбарии Занҷонӣ бо давр задани таҳримҳо ва интиқоли пул ба ниҳодҳои вобаста аз Эрон, аз ҷумла Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, муттаҳам аст.