Таҳқиқот: 50 дарсад нашрияҳо дар Тоҷикистон аз чоп мондаанд

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Як таҳқиқот маълум кардааст, ки теъдоди расонаҳои чопӣ дар Тоҷикистон беш аз 50 дар сад кам шуда, мизони маҳбубияти онҳо дар миёни мардум коҳиш ёфтааст. Бар хилофи расонаҳои суннатии касбӣ, мухотабони шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо дар Тоҷикистон зиёдтар шудааст.