Таҳқиқи нав дар бораи вазъи занони обистан дар Тоҷикистон

Акс аз бойгонӣ

Як таҳқиқ дар Тоҷикистон маълум кардааст, ки аз даҳ зан танҳо шаш нафар дар давраи бордорӣ ё обистанӣ пайваста зери назари пизишкон қарор мегиранд.

Пойгоҳи илмии Bioengineer хулосаи донишмандон аз Аврупо ва Тоҷикистон, аз ҷумла Тина Лаатикайнен, Меҳрӣ Шоисматуллоева, Адолат Нарзуллоева ва Дилрабо Юнусовро дар ин бора 16-уми ноябр нашр кард.

Муҳаққиқон гуфтаанд, дар моҳҳои март ва апрели соли 2023 корти тиббии 428 зан дар ҳафтаи 36-уми бордорӣ ва 393 зани дигар омӯхта шуд, ки ба зоишгоҳ бо нишонаҳои мушкилӣ дар давраи бордорӣ ё бо вазни сангини кӯдак дар батн оварда шудаанд.

Маълум гардидааст, ки ин занҳо аз назорат нагузашта, бемориҳое чун вазни бадан, фишор ва сатҳи глюкозаи хун боис ба пайомадҳои нохушоянде барои саломати модару кӯдак гардидааст.

"Дар ташхиси ибтидоӣ духтурон ҳарчанд фишори хуни беморро муттасил месанҷанд, аз ташхиси саривақтии нишондодҳои дигар худдорӣ мекардаанд. Чунин камбуд дар ташхисҳои маъмулӣ мавриди нигаронии ҷиддӣ аст," -- гуфтаанд донишмандон.

Фишори баланди хун ва ё баръакс камхунӣ аз намунаҳои душвории занон дар давраи бордорӣ дар Тоҷикистон дониста мешавад.

Вазорати тандурустӣ мегӯяд, дар шаш моҳи аввали соли 2026 наздик ба 122 ҳазор тифл ба дунё омад.

Қаблан Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт дар як омори худ гуфта буд, ки дар Тоҷикистон аз миёни ҳар 100 ҳазор модар ҳангоми таваллуд 24 нафар мефавтанд. Дар чанд маврид, ки Радиои Озодӣ низ дар бораи онҳо гузориш додааст, наздикони занони фавтида хатои пизишконро сабаби марги онҳо номбар кардаанд. Мақомот на ҳамаи ин даъвоҳоро мепазиранд.

Инҳоро ҳам бинед:

"Маро бенасл карданд." Даъвои як зан бо табибони зоишгоҳе дар Хатлон"Фақат мегуфтанд, хун биёред." Сабаби марги Мижгонаи 27-сола чист?Як зани ҳомила баъди ихроҷ аз Русия дар Тоҷикистон фавтидБаъд аз ду моҳи марги Фарида Шарифова як табибро аз кор рондаандБарканории ду мақом пас аз марги 6 зан ҳангоми таваллуд дар ХатлонМарги Гулбаҳори обистан. Шавҳар аз табибон домангир аст. САДО