"Яке худкушӣ кард, дигаре ба қатл расид." Таҳқиқи марги ду зан дар Хатлон

Мумкин аст, парвандаи Наврӯзи Зафар, сокини 29-солаи ноҳияи Муъминобод, ғафстар ва иттиҳомаш ҳам сангинтар шавад. Як ҳамсараш худкушӣ карда, дигаре дар хонаи волидонаш кушта шудааст. Дар ҳар ду қазия Наврӯзи Зафарро гумонзад медонанд. Мавқеи наздиконаш маълум нест. Худаш дар як видеои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сабабу шеваи куштани ҳамсари дувумашро нақл кард. Рӯшан нест ин навор таҳти чи шароит гирифта шудааст.

Набӣ Набизода, додситони ноҳияи Муъминобод, гуфт, "вобаста ба қазияи ҳамсари аввалаш. Аз сӯи Прокуратураи вилояти Хатлон дар бораи ба худкушӣ расондани ин зан парванда ҳаст. Ҳарду парванда якҷоя карда шуд."

Наврӯзи Зафар, сокини ноҳияи Муъминобод, ки ба марги ду ҳамсараш гумонзад аст

Наврӯзи Зафарро се моҳ пеш бо гумони ба қатл расондани ҳамсари дувумаш, Ҷавҳарбии Давлатшоҳ, дастгир карданд. Ҳодиса моҳи декабри соли 2025 рӯй дода, Ҷавҳарбӣ ҳамагӣ 27 сол дошт. Мақомот гуфтанд, ба бадани ӯ ёздаҳ корд зада шудааст.

Ҳамсари аввали Наврӯзи Зафар се сол пеш худкушӣ кардааст. Додситони ноҳияи Муъминобод гуфт, ҳоло ҳарду парвандаро якҷоя таҳқиқ доранд. Набӣ Набизода гуфт, "нисбат ба ӯ бар асоси қисми дуи моддаи 104 (банди е) парванда боз шуда, ҳоло тафтиш ҷараён дорад. Бо охир расидани тафтишот қарори ниҳоӣ қабул карда мешавад.”

Видео дар инҷост:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Парвандаи як мард барои марги ду ҳамсараш

Маълум нест, Наврӯзи Зафар аз ҳамсари аввалаш фарзанд дорад ё не. Аз ҳамсари дуюмаш Ҷавҳарбии Давлатшоҳ ду фарзанд доштааст. Дар ҳукумати ноҳияи Муъминобод гуфтанд, ки ҳоло фарзандони ӯро падару модари Ҷавҳарбӣ нигоҳубин доранд.

Салоҳиддин Мирзобаротзода, муовини раиси ноҳияи Муъминобод, мегӯяд, “ҳодиса дар пеши чашми модараш рӯй додааст. Баъди ин, кӯдакон дар тарбияи волидони духтар қарор доранд. Мо ҳам тамоми чораҳоро мебинем ва дар оянда тибқи қонунгузорӣ кумак хоҳем кард.”

Ҷавҳарбии Давлатшоҳ як ҳафта пеш аз кушта шудан аз ҳамсараш ҷудо шудааст.

Дар соли 2025 беш аз дусад зан дар Тоҷикистон қасд ба ҷони худ карда, бархе аз ҳаёт маҳрум ва чанде аз сӯйи наздикон наҷот дода шудаанд. Раиси Кумитаи занон Бунафша Файзиддинзода рӯзи 5-уми феврал дар нишасти хабарӣ ин оморро ташвишовар ва ҳамзамон ҳосили хушунат ё зургӯйӣ дар оилаҳо хонд.

Ҳар сол дар Тоҷикистон ҳазорҳо оила аз ҳам мепошанд, вале баҳсу ҷанҷоли тарафҳо боқӣ мемонад. Аз ҷумла, барои тақсими молу мулк, гирифтани фарзандон ва ё маскун кардани зан дар хонаи шавҳари собиқаш.

Дар соли 2025 беш аз ҳаштуним ҳазор хонавода аз ҳам ҷудо шудааст. Дар натиҷа, ба иттилои Кумитаи кор бо занони Тоҷикистон, қариб ҳафтуним ҳазор кӯдак ё бе падар ва ё бе модар, ба истилоҳ зиндаятим, мондаанд.