Як гурӯҳи корӣ барои таҳқиқи шикоят ва даъвоҳои пайдарҳам бар сари замину тақсими моликият ва бунёди биноҳои баландошёна аз Душанбе ба шаҳри Хуҷанд рафтааст.
Мақомот ягон шарҳ намедиҳанд.
Манбаъҳои огоҳи Радиои Озодӣ рӯзи 31-уми август бо шарти фош нашудани ном гуфтанд, ки ин ҳайат "аз панҷоҳ нафар ва асосан аз намояндагони Оҷонси мубориза бо фасод, Додситонии кул ва Кумитаи сохтмону меъморӣ иборат аст."
"Онҳо истифодаи дурусти замин, бунёди иншооти гуногун ва то куҷо риоя шудани ҳуқуқи соҳибмулконро хоҳанд санҷид," -- гуфт як манбаи наздик ба мақомоти шаҳри Хуҷанд.
Ба иттилои дарёфтӣ, тафтиш то 5-уми сентябр идома хоҳад кард.
Дар моҳҳои охир сокинони чанд бинои бозмонда аз шӯравӣ ва молики "Ҷумъабозор" дар Хуҷанд ба Радиои Озодӣ шикоят карда буданд, ки мақомот бе ризояти онҳо ва пардохти ҷуброни одилона моликияташонро ба шахсони дигар, бавижа ширкати "Асри мо" вогузор кардаанд. Чизе, ки моликон ғасби ба истилоҳ "рейдерӣ", вале мақомот дурусту қонунӣ номиданд.
Дар бораи ширкати "Асри мо" маълумоти кофӣ дар даст нест. Чанд ҳуҷҷати ёфтшуда дар манбаъҳои боз баёнгари он аст, ки "Асри мо" ба бунёди баландошёнаҳо дар шаҳри Душанбе машғул аст.
Солҳои охир дар Тоҷикистон баҳсҳои вобаста аз манзили наву кӯҳна зиёд аст. Сокинон аксар вақт шикоят мекунанд, ки ширкатҳои бинокор манзилашонро вайрон карда, дар иваз ҷуброни ночиз пешниҳод мекунанд.