Як мансабдор дар вилояти Суғд гуфтааст, ширкатҳои сохтмонӣ ҳаққи фурӯши таҳхонаи биноҳоро надоранд ва ин маконҳо ҳамчун паноҳгоҳ дар ҳолати фавқулода истифода мешаванд.
Фурқат Шодизода, сардори Идораи ҳолатҳои фавқулода дар вилояти Суғд, 5-уми август дар нишасти хабарӣ гуфт, дар хулосаи додаашон ба ширкатҳои сохтмонӣ ин нуктаро дарҷ мекунанд, ки “таҳхонаро ба шаҳрвандон нафурӯшанд.”
Ба гуфтаи Шодизода, мақомот ҳақ доранд дар ҳолатҳои фавқулода таҳхонаи биноро гирифта, ҳамчун паноҳгоҳ барои сокинон истифода баранд.
Навор дар Инстаграм:
Изҳороти ин мансабдор дар ҳоле садо медиҳад, ки чанде пеш пулиси Душанбе ҳам аз ошкор шудани ҳолатҳое хабар дод, ки таҳхонаи биноҳо ғайриҳадафмандона истифода мешаванд. Мақомот гуфтанд, ташкили фурӯшгоҳ ё дигар марказҳои хидматрасонӣ дар таҳхонаи биноҳо манъ аст.