Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва ниҳодҳои вобастаи он дар минтақаҳои Тоҷикистон тағйироти кадрӣ анҷом шудааст.
Бино ба қарори ҳукумат аз 15-уми август, генерал Муҳаббат Иброҳимзода (Саидвалӣ) ва Раҳмоналӣ Саиданварзода муовинони нави раиси Кумита таъйин гаштанд.
Муҳаббат Иброҳимзода то ин дам сардори яке аз раёсатҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода буд. Аз он пеш дар мақоми мудири Маркази миллии Тоҷикистон дар масъалаи минаҳо кор кардааст.
Дар бораи Раҳмоналӣ Саиданварзода маълумоти зиёде дар даст нест.
Инчунин, сардорони Идораи ҳолатҳои фавқулода дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Суғд ва Хатлон иваз карда шудаанд.
Дар иваз Сулаймон Исозода аз мансаби муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода озод гардидааст. Мақомот далели ин тасмимро “гузаштан ба кори дигар” гуфта, вале шарҳе надодаанд.
Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон рӯзи 15-уми август афроди тозатаъйинро “кадрҳои соҳибтахассусу варзида” номидааст. Намояндагони мухолифини ҳукумат дар хориҷа мегӯянд, ин таъйинот на аз нигоҳи шоистасолорӣ, балки бештар бар асоси хидмату садоқат ба режим сурат мегирад.
Тоҷикистон имсол шоҳиди офатҳои табиии зиёд, аз ҷумла омадани селу тармафароӣ ва шамоли сахт шуд. Ба гузориши расмӣ, дар нимаи аввали имсол дар ин офатҳо 12 нафар ба ҳалокат расидаанд. Ҳодисаҳои нохуши табиӣ дар шаш моҳи аввали имсол ба иқтисоди Тоҷикистон беш аз 52 миллион сомонӣ ё 5,7 миллион доллар зарар расондааст.