Мансаби ду генерали барканоршуда ва таъйини муовини Раҳимзода

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон

Ду генерали Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ки соле пеш дар пайи танқиди раисҷумҳур ва ба далели бемасъулиятӣ аз мақом ронда шуда буданд, мансабҳои нав гирифтаанд.

Файзулло Нозимзода, ки дар гузашта Раёсати умури дохилии Хатлонро бар уҳда дошт, баъди бештар аз як соли барканорӣ рӯзи 22-юми апрел муовини сардори Хадамоти давлатии "Муҳофиза"-и ВКД шуд.

Фотеҳ Қунғуротзода, сардори пешини ШКД-и Кӯлоб, ҳоло муовини якуми сардори Раёсати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъйин гаштааст.

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ, дар моҳи феврали соли 2024 ба хабарнигорон гуфта буд, ки ин афрод барои камбудҳо аз мансаб барканор шуда, дигар дар ин сохтор кор намекунанд.

Рӯзи 22-юми апрел сардорони 18 шуъбаи корҳои дохилӣ, аз ҷумла дар Ҳисору Ваҳдат, Конибодому Данғара ва Фирдавсиву Шоҳмансур низ иваз карда шудаанд.

Бо як қарори ҳукумат, сарҳанг ё полковник Илҳомиддин Вализода муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода таъйин шуд. Вализода то ин дам сардори Шуъбаи корҳои дохилӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд буд.

Вазири корҳои дохилӣ дар ҳоли ҳозир як муовини аввал ва се муовин дорад.

Сиёсати кадрӣ дар Тоҷикистон ҳамеша аз тарафи мухолифони ҳукумат ва созмонҳои байнулмилалӣ танқид мешавад.

Дар интиқоди баъзе аз созмонҳо, аз ҷумла "Хонаи Озодӣ", ишора шудааст, ки непотизм ё хешовандсолорӣ (хешутаборчигӣ), маҳал ва садоқати шахсӣ аз меъёрҳои асосӣ дар интихоби кадрҳо дар Тоҷикистон аст.

Шаҳри Душанбе, 22-юми апрели 2025