Раиси Думаи давлатии Русия таъриф кардааст, ки мақомоти интизомӣ фақат дар се моҳи соли гузашта 19 ҳазор хориҷӣ ва бахусус муҳоҷиронро аз қаламрави кишвараш хориҷ кардаанд.
Дафтари матбуоти Думаи давлатӣ рӯзи 16-уми январ аз қавли Вячеслав Володин навиштаст: "Танҳо дар семоҳаи сеюми соли 2025 .. 19 ҳазор шаҳрванди хориҷиро аз Русия ихроҷ ва беш аз 1300 нафарро аз ҳаққи шаҳрвандии Русия маҳрум карданд.” Дар миёни ин мардуми рондашуда бидуни шак, муҳоҷирони кории тоҷик ва шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳастанд, зеро Русия мизбони асосии муҳоҷирони кории тоҷик аст, ки баъд аз муддате шаҳрвандии онро ҳам мегиранд. Гузоришҳо дар бораи бозпас фиристодани онҳо ба Тоҷикистон ҳам пайваста садо медиҳанд.
Вячеслав Володин гуфтааст, ки қарор аст, ба зудӣ тарҳи се санаде дар Думаи давлатӣ баррасӣ шавад, ки сахт кардани меъёрҳои муҳоҷирату кор ба Русияро дар назар дорад. Аз ҷумла, кам кардани мӯҳлати муоинаи тиббӣ, ки бояд дар 30 рӯзи аввали омадан ба Русия сурат бигирад, на 90 рӯз, ки ҳоло ҳаст.
Бар асоси ин санад, дар сурати маълум шудани бемории сироятӣ, муассисаҳои тиббӣ бояд фавран ба "Роспотребнадзор" хабар диҳанд, то раванди фавран берун кардани ӯ оғоз шавад. Барои саркашӣ аз муоинаи тиббӣ ҷаримаҳои бузург ва ихроҷ аз Русия пешбинӣ шудааст. Вячеслав Володин ҳамчунин аз кори вакилони мардумии Русия ситоиш кардааст, ки аз соли 2024 то кунун 21 қонун дар бораи муҳоҷиратро баррасӣ ва қабул кардаанд.
Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, ки вакилони мардумии Русия тақрибан ҳар моҳе масъалаи муҳоҷиронро дониста ба миён кашида ва доман мезананд, то таваҷҷуҳи мардуми Русияро аз мушкилоти фаровони иқтисодии дохилӣ, зиндагии сахти мардуми таҳҷоӣ ва ҷанги вайронгари Русия дар Украина ба дигар тараф бикашанд.