Таъмири роҳи "хатарнок" барои чиниҳоро дар Дарвоз аз сар гирифтаанд

Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон гуфт, кори тармиму сохтмони роҳеро аз сар гирифтанд, ки дар пайи ҳамла аз хоки Афғонистон қатъ гардида буд.

Рӯзи 30-юми ноябри соли 2025 дар ҳамлае ба роҳсозони чинӣ дар деҳаи Шодаки ноҳияи Дарвози вилояти Бадахшони Тоҷикистон ду роҳсози ширкати “China Road and Bridge Corporation” кушта ва ду тани дигар захмӣ шуданд. Дар пай ин ҳодиса, роҳсозӣ дар бахше аз роҳи байналмилалии Душанбе-Чин дар ҳудуди ноҳияи Дарвоз қатъ гардид.

Азим Иброҳим, вазири нақлиёт рӯзи 28 январ ҳангоми як нишасти хабарӣ гуфт, бунёди роҳи Қалъаи Хумб-Ванҷ, ки дар пайи ҳамлаҳо аз Афғонистон қатъ гардид, барқарор шудааст.

“Корҳои асосӣ анҷом ёфтаанд. Фақат корҳое ба мисли бетон гирифтану пайваст кардани барқ боқӣ мондааст, барои ин аз ҷониби чиниҳо танҳо мутахассисоне лозиманд, ки машварат медиҳанд. Корҳои ҷисмониро худи кормандони маҳаллӣ пурра аз ӯҳдааш мебароянд”-, афзуд, Азим Иброҳим. Вай идомаи корҳои сохтмониро аз сӯи коргарони маҳалӣ тасдиқ кард, вале дақиқан посух надод, ки чанд нафар аз мутахассисони чинӣ ба кор баргаштаанд ё саҳми онҳо дар идомаи сохтмони роҳ чӣ гуна аст.

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон қаблан дар як посухи катбӣ ба Радиои Озодӣ қатъ шудани корҳоро дар ин роҳ тасдиқ карда, гуфта буд, ки бо ҳадафи “таъмини амнияти кормандони чинӣ” ва то “барқарор шудани амнияти пурра” муваққатан корҳои роҳсозӣ боздошта шудааст. Азим Иброҳим рӯзи 28 январ таъкид кард, ки мекӯшанд, то корҳоро дар мӯҳлати муқарраршуда дар ин қитъаи роҳ ба анҷом расонанд.

Қитъаи Қалъаихумб – Ванҷ бахше аз роҳи байналмилалии Душанбе-Кулма аст, ки Тоҷикистонро бо Чин мепайвандад. Ин роҳ аз ноҳияи Дарвоз то ноҳияи Рӯшон мерасад ва 109 километр тӯл дорад.

Сохтмони роҳ моҳи сентябри соли 2022 оғоз ёфт ва масъулони Маркази татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе – Чаноқ, ки ин тарҳро иҷро мекунад, мегӯянд, ки корҳои сохтмонӣ бояд 20-уми сентябри 2026 ба поён бирасанд. Бино ба иттилои расмӣ, бо сохтмони ду нақб ин роҳи 109 километрӣ то 92 километр кӯтоҳ мешавад.