Суст шудани рубл ва ихроҷи густурда таваҷҷуҳи муҳоҷиронро ба Русия кам кардааст

Як маркази таҳқиқотӣ дар Лаҳистон дар гузорише навишт, таваҷҷуҳи муҳоҷирони меҳнатӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Русия коҳиш ёфтааст.

Коршиносони Маркази омӯзиши Шарқ (OSW) дар Лаҳистон дар гузориши 220-саҳифаӣ омилҳои зеринро аз сабабҳои асосии кам шудани таваҷҷуҳ ба бозори кори Русия гуфтаанд: паст шудани қурби рубл, бад шудани вазъи иқтисодӣ, афзоиши эҳсосоти зидди муҳоҷирон ва ихроҷи густурдаи муҳоҷирон пас аз ҳамла ба толори "Крокус".

Мутахассисони ин созмон ҳамчунин навиштаанд, афзоиши ҳолатҳои маҷбур кардани муҳоҷирон барои рафтан ба ҷанги зидди Украина ҳам аз сабабҳои дигари кам шудани сафари муҳоҷирон ба Русия аст.

Ба гуфтаи муҳаққиқони ин созмон, бо вуҷуди коҳиши таваҷҷуҳ, Русия ҳамоно яке аз масирҳои асосии муҳоҷирати меҳнатӣ барои сокинони Осиёи Марказӣ боқӣ мемонад. Чун иқтисоди бархе аз кишварҳои ОМ, аз ҷумла Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳамоно вобастаи пули муҳоҷирон аст.

Ҳаҷми маблағҳои интиқолӣ ба 47,9 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон, 18,8 дарсади ММД-и Қирғизистон ва 14,4 дарсади ММД-и Узбекистон баробар будааст.

Манбаъ мегӯяд, соли 2025 ба Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон дар маҷмӯъ қариб 29 миллиард доллар маблағ интиқол шудааст. Қисми зиёди ин маблағҳо аз Русия ворид шудааст.

Дар гузориши Маркази омӯзиши Шарқ омадааст, муҳоҷирони Осиёи Марказӣ бештар ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, Туркия, Чин ва Кореяи Ҷанубӣ рӯ меоранд.

Тибқи маълумоти "Евростат", кишварҳои Иттиҳоди Аврупо дар соли 2023 ба шаҳрвандони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ тақрибан 196 ҳазор иҷозаи иқомат додаанд. Қариб 78 ҳазор аз ин иҷозатномаҳо барои кор будааст. Аз ҳама бештар чунин санад ба шаҳрвандони Қазоқистон ва Узбекистон дода шудааст.

Русия мизбони миллионҳо муҳоҷири корӣ, аз ҷумла як миллион нафар аз муҳоҷирон аз Тоҷикистон аст.

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, солҳои ахир ҳар замон, ки мушкилоти дохилии Русия зиёд шуда, нархҳо мардумро ба танг меоранд, вакилону мақомот барқасдона масъалаи муҳоҷиратро доғ мекунанд, то афкори мардуми норозиро ба дигар самт баранд.

Талошҳои ахир ҳам барои ба самти дигар кашидани афкори умум аз ҷанги вайронгар дар Украина аст, ки норозигии мардуми худи Русия аз он беш аз пеш зиёд мешавад.