Вазорати корҳои хориҷии Амрико рӯзи 24 август Сурияро аз феҳристи кишварҳои "пуштибони терроризм" берун кард.
Қарор гирифтани кишварҳо дар феҳристи ҳукуматҳои пуштибони терроризм, онҳоро аз дарёфти кӯмакҳои хориҷии ИМА, имкони хариди таҷҳизоти дифоӣ аз Амрико ва ҳамин тавр анҷоми бархе мубодилоти молӣ маҳрум мекунад.
Вазири молияи Амрико дар баёнияе дар ин бора гуфт, "иқдоми имрӯз, фурсатҳои сармоягузории бештар дар Сурия бо ҳадафи пешбурди суботи сиёсӣ ва иқтисодиро афзоиш хоҳад дод".
Дар ин баёния таъкид шудааст, ки ин тасмим дар ростои амалӣ кардани ваъдаи Доналд Трамп барои коҳиши фишори таҳримҳо алайҳи Димишқ гирифта шудааст.
Раиси Бонки марказии Сурия ҳам бо истиқбол аз тасмими Вашингтон онро "иқдоми таърихӣ" хонд.
Бар асоси тасмиме, ки рӯзи душанбе эълон шуд, "Ҷабҳа Ан-Нусра" ҳам, ки акнун ба таври вижа ҳамчун як созмони террористии байналмилалӣ табақабандӣ шуда буд, аз ин феҳрист берун шуд.
Ин гурӯҳ, ки бо номи "Ҳайати Таҳрири Шом" шинохта мешуд, пештар зери шохаи "Ал-Қоида" дар Сурия буд. Аммо як даҳа қабл иртиботаш бо ин гурӯҳи ҷиҳодиро қатъ кард. Раҳбарии ин гурӯҳро Аҳмад Аш-Шаръ, президенти феълии Сурия, ба ӯҳда дошт.