Сармураббии «Истиқлол» Виталий Левченко дар нишасти хабарии пеш аз бозии Суперҷоми Тоҷикистон-2026 муқобили «Регар-ТадАЗ» изҳор дошт, ки даста танҳо барои пирӯзӣ вориди майдон мешавад.
Вай гуфт, "моро бозии душвор интизор аст, зеро «Регар-ТадАЗ» дастаи хуб ва муташаккил буда, дар гурӯҳи пешсафони мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон қарор дорад. Мо тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳем, то мухлисонро шод карда, аввалин ҷомро дар мавсим ба даст биёрем".
Дар ин нишасти хабарӣ сармураббии «Регар-ТадАЗ» Алишер Тӯхтаев андешаҳояшро чунин баён кард: "Суперҷом аз як бозӣ иборат аст ва мо низ ба ин дидор ҷиддӣ омодагӣ мебинем. Футболбозон рӯҳияи хуб ва ангезаи баланд доранд. Мо масъулиятро дарк карда, кӯшиш менамоем, ки футболи хуб нишон диҳем".
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозӣ барои Суперҷом дар Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва остонаи Рӯзи ҷаҳонии футбол сурат мегирад. Нархи билет барои ҳамаи нишастгоҳҳои варзишгоҳ 10 сомонӣ мебошад.
Сардовари ин бозӣ Бахтиёр Комилов аз Кӯлоб аст. Ба ӯ ҳамшаҳриҳояш Сорбон Аҳмадзода ва Тоҳири Баҳром кӯмак мерасонанд. Вазифаи довари эҳтиётиро Амирҷон Хоркашев аз Душанбе ба ҷо меорад.
Бояд зикр намуд, бори чаҳорум аст, ки дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” барои Суперҷом ё Ҷоми олии Тоҷикистон бо ҳам рақобат мекунанд. Дар се бозии пешин душанбегиҳо пирӯз шуда буданд. Соли 2011 “Истиқлол” бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад. Соли 2012 бошад, бозӣ бо ҳисоби 2:1 ба суди “Истиқлол” хотима ёфт.
Соли гузашта дастаи «Истиқлол», ки дар бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон тими «Регар-ТадАЗ»-ро аз рӯи силсилаи пеналти бо ҳисоби 5:4 (замони асосӣ ва изофа – 1:1) шикаст дод, бори 13-ум барандаи Ҷоми олӣ шуд.
Суперҷоми Тоҷикистон сар аз соли 2010 бори ҳабдаҳум барпо мегардад. Дар ин муддат ҳамагӣ ҳафт даста барои Ҷоми олӣ талош карда, се даста муваффақ шудааст.
"Истиқлол", ки дар ин бозиҳо 15 маротиба ширкат варзидааст, 13 бор (2010, 2011, 2012, 2014, 2015, 2016, 2018, 2019, 2020, 2021, 2022, 2024, 2025) барандаи Ҷоми олӣ гардидааст.
“Равшан”-и Кӯлоб ду бор (2013, 2023) ва “Ҳосилот”-и Фархор як маротиба (2017) Суперҷоми Тоҷикистонро ба даст овардаанд.
НАТОИҶИ БОЗИҲОИ СУПЕРҶОМИ ТОҶИКИСТОН (2010-2025):
2010. “Вахш" (Қӯрғонтеппа) – ”Истиқлол» (Душанбе) – 0:2
2011. "Истиқлол" (Душанбе) – “Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)
– 1:0
2012. "Истиқлол" (Душанбе) – “Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1
2013. "Равшан" (Кӯлоб) – “Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1
2014. “Равшан" (Кӯлоб) – ”Истиқлол» (Душанбе) – 0:5
2015. "Истиқлол" (Душанбе) – “Хайр» (Ваҳдат) – 2:2. Аз рӯи силсилаи пеналти – 4:3
2016. "Истиқлол" (Душанбе) – “Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:2
2017. "Истиқлол" (Душанбе) – ”Ҳосилот» (Фархор) – 1:2
2018. "Истиқлол" (Душанбе) – “Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:2
2019. "Истиқлол" (Душанбе) – “Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:0
2020. "Истиқлол" (Душанбе) – “Хуҷанд» (Хуҷанд) – 2:1
2021. «Истиқлол» (Душанбе) - «Равшан» (Кӯлоб) - 2:0
2022. «Истиқлол» (Душанбе) - «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 1:0
2023. «Истиқлол» (Душанбе) - «Равшан» (Кӯлоб) - 0:1
2024. «Истиқлол» (Душанбе) - «Равшан» (Кӯлоб) – 2:1
2025. «Истиқлол» (Душанбе) - «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:1. Аз рӯи силсилаи пеналти – 5:4