Президенти Амрико Доналд Трамп рӯзи 4-уми июл бо роҳбарони Украина ва Русия телефонӣ гап задааст.
Пас аз ин суҳбат Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина барои пуштибонӣ аз кишвараш ба ИМА изҳори сипос кард. Зеленский дар шабакаи телеграми худ навишт, пуштибонии Амрико аз истиқлолияти Украинаро "ниҳоят қадрдонӣ мекунем".
Ба гуфтаи Зеленский, ӯ ва Трамп масъалаи поён додан ба ҷангро баррасӣ карда, ба тавофуқ расиданд, ки дар нишасти НАТО дар Анқара вохӯранд.
"Имкони воқеии хотима бахшидан ба ин ҷанг вуҷуд дорад ва азми Амрико дар ин раванд аҳамияти ҳалкунанда хоҳад дошт", - гуфт раиси ҷумҳури Украина.
Дар ҳамин ҳол Юрий Ушаков, ёвари президенти Русия хабар дод, ки Владимир Путин ҳам дар гуфтугӯи телефонӣ бо Трамп, ҷанг дар Украинаро баҳс кардааст. Ба иддаои ёвари президенти Русия, Трамп омодагии худро барои мусоидат ба ҳарчи зудтар тамом шудани ҷанг баён доштааст.
Ба гуфтаи Ушаков, Путин ба Трамп гуфтааст, неруҳои Русия ҳамлаҳои худро бар зидди Украина идома медиҳанд.