Пешниҳоди шаҳри сайёҳӣ эълон шудани Норак

Шаҳри Норак, ки аксаран ба хотири нерӯгоҳи азимаш ”Шаҳри Нур” номида мешавад, акнун бояд ба унвони макони сайёҳон ба қабули густардаи ҷаҳонгардони хориҷӣ омода шавад.

Маҷлиси вакилони шаҳри Норак, дар ҷануби Тоҷикистон ба ҳукумати кишвар пешниҳод кард, ки ин шаҳр ҳамчун яке аз маконҳои асосии сайёҳии кишвар пазируфта шавад, чун ҳамасола даҳҳо ҷаҳонгарди хориҷӣ аз он дидан мекунанд.

Дишод Асоев, муовини раиси шаҳри Норак рӯзи 6 август дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ изҳори умедворӣ кард, ки ин пешниҳод қабул мешавад ва шаҳрдорӣ хатсайре барои ҷаҳонгардон омода кардааст, ки нерӯгоҳҳои "Норак", "Бойғозӣ" ва маркази назорати кайҳонии "Окно"-ро дар бар хоҳад гирифт. "Ҳамин хел нақшаҳо ҳаст, зеро то ҳол ин хел имконият барои мардум ва сайёҳон мавҷуд набуд," – мегӯяд ҷаноби Асоев.

Дар гузашта тамошои иншооти стратегии Норак мамнӯъ буд ва ҳатто дар назди обанборҳо посбонони низомӣ намегузоранд, ки афроди ношинос наздик шавад. Макони сайёҳӣ эълон шудани Норак ин маҳдудиятҳоро аз байн хоҳад бурд.

Дилшод Асоев гуфт, ки дар як сол ба шаҳри Норак зиёда аз 1000 меҳмони расмӣ ва сайёҳони хориҷӣ меоянд, ки Бан Ки Мун, дабири кулли Созмони Милали Мутnаҳид, яке аз меҳмонони расмӣ буда, баъди ширкат дар Ҳамоиши байналмилалии об дар Душанбе аз Норак ва обанборҳояш дидан кардааст.

Дилбар Зуҳурова, мудири шӯъбаи фарҳанги шаҳри Норак дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки меҳмонон на танҳо барои дидани иншооти стратегии Норак, балки барои ошноӣ ба фарҳангу ҳунари мардумашниз меомадаанд. "Осорхонаи дӯстии халқҳо, ҳунарҳои дуредгарии мардуми аст, ки арзиши диданро дорад, ҳунарҳои мардум низ зинда мондаанд, мисли сӯзаниҳо, дуредгарӣ дорем," – мегӯяд хонум Зуҳурова.

Ҳукумати шаҳри Норак ба хотири шаҳри туристӣ шудани он, дар чанд моҳи ахир беш аз чаҳор миллион сомониро барои таъмири роҳҳо, бозсозии иншоот ва боғҳо харҷ кардааст, ки гуфта мешавад наздики 100 истироҳатгоҳ ва меҳмонхона дар ин шаҳр канори рӯду обанборҳо аз ҷониби соҳибкорон бунёд шудааст. Дар Норак анорбоғҳои машҳур ва боғҳои зиёди анҷиру меваҳои дигар ҳаст, ки низ ба ҳусни он дар чаҳор фасли сол меафзоянд.

Шаҳр Норак, ки миёни чаҳор ноҳияи кишвар, дар канори обанборҳо ва нерӯгоҳҳои азим ҷойгир шуда, макони хушбоду ҳаво мебошад. Ин шаҳр 55 ҳазор аҳолӣ дорад ва дар замони Шӯравӣ сохта шудаст. Он замон 80 дарсади сокинони онро кормандони русу украину тотори соҳаи энержии барқ ташкил медоданд, аммо ҳоло шумораи русҳо ҳамагӣ ба 10 дар сади аҳолӣ баробар аст. Норак дар масоҳати 39 ҳазору 600 гектар доман кашидааст.