Вазорати молияи Тоҷикистон мизони маблағгузории расонаҳои расмии кишварро коҳиш додааст. Таъсири бӯҳрони молӣ ба будҷаи давлат ва даъвати президент барои коҳиши хароҷоти дуюмдараҷа боиси коҳиши хароҷоти расонаҳои давлатӣ ҳам шуд. Масъулини вазорати молия мегӯянд, дар будҷаи соли 2017 барои ҳаққи қалами рӯзноманигорон ва чандин хароҷотҳои дуввумдараҷаи ВАО-и расмӣ маблағ ҷудо нашудааст ва расонаҳо бояд ин маблағро аз ҳисоби худ пардохт кунанд.
Ихтисори будҷа, ба қавли масъулиин идораҳо ва ҳам худи вазорати молия, барои ҳар як идораи расонаи давлатӣ ба таври ҷудогона 15-20 дар садро ташкил додааст. Cолона аз будҷаи Тоҷикистон барои расонаҳои расмии кишвар ҳудуди 100 миллион сомонӣ маблағ ҷудо мешуд. Ҳудуди 70 дарсади ин маблағҳо барои шабакаҳои телевизиону радио ва боқӣ маблағҳобарои расонаҳои чопӣ равона мешуд.
Коршиносон мегӯянд, кам шудани маблағгузорӣ сабаб мешавад, то расонаҳои давлатӣ обунаи ихтиёрии дар асл маҷбуриро зиёд кунанд. Дар Тоҷикистон 10 телевизион, 110 нашрия, 7 радио ва як оҷонсии давлатии
Cолона аз будҷаи Тоҷикистон барои расонаҳои расмии кишвар ҳудуди 100 миллион сомонӣ маблағ ҷудо мешуд.
хабарӣ (АМИТ Ховар) аз ҳисоби будҷа фаъолият мекунанд. Як масъули Вазорати молия ба шарти ифшо нашудани номаш дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар натиҷаи як санҷиш дар идораҳои расонаҳои расмӣ “хароҷоти дуввумдараҷаи онҳо” ошкор шудааст ва ин ниҳод талаб кардааст, ки ин бахши хароҷотҳо набояд дигар аз ҳисоби будҷа пардохт шаванд. Аз ҷумла, ба гуфтаи намояндаи вазорати молия, ҳаққи қалами муаллифони гузоришҳо низ ба гурӯҳи хароҷотҳои дуввумдараҷа дохил карда шуда, барои пардохти он дар будҷа дигар маблағ муқаррар нашудааст.
Ба иттилои мақомот, маоши рӯзноманигорони корманди доимии расонаҳо минбаъд аз ҳисоби будҷа пардохт мешавад, аммо агар идораи расона хоҳад, метавонад аз ҳисоби маблағҳои дохилии худ барои ин муаллифон ҳаққи қаламашонро пардохт кунад. Қаблан рӯзноманигорони нашрияҳои расмӣ дар баробари маош, барои ҳар матлаби худ ҳаққи қалам низ дарёфт мекарданд. Ҳар рӯзноманигор дар муддати як моҳи кораш метавонист аз ҳисоби ҳаққи қалам ба андозаи то як маоши дигар маблағ ба даст орад.
Кам шудани маблағгузорӣ ба расонаҳои расмии кишвар аз оғози моҳи январ, ба қавли масъулини нашрияҳои давлатӣ, бештар ба кори онҳо осеб расонидааст, зеро ин бахши расонаҳо ба мисли телевизион ё радиоҳои давлатӣ манбаъҳои дигари маблағгузорӣ надоранд.
"Ҳаққи қалам" қатъ шуд
Юсуф Дӯстов, сармуҳаррири ҳафтаномаи русии “Народная газета” дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, қаблан аз будҷа дар баробари маош барои онҳо ҳаққи қалам ва харҷи сӯзишворӣ ҷудо мешуд, аммо акнун ин бахши масрафҳои онҳоро аз байн бурданд. Ба гуфтаи ӯ, “ҳозир мо корро аз ҳисоби даромадҳои иловагии худамон давом дода истодаем. Мо ба кормандон фаҳмондем ва ҳаққи қаламро кам кардем. Мо дар ҳоли ҳозир танҳо корманди штатӣ дорем ва хабарнигорони шартномавиро ҷавоб додем.”
Дар миёни нашрияҳое, ки бахши ҳаққи қалами журналистонро буридаанд, ҳафтаномаҳои “Ҷавонони Тоҷикистон”, “Баҳори аҷам”, “Народная газета” зикр мешаванд. Инчунин ин расонаҳои кишвар кормандони тариқи шартнома ба кор қабулкардаашонро низ аз кор озод карданд. Аммо ҳафтаномаҳои калонтарини расмии Тоҷикистон ба монанди “Ҷумҳурият” ва “Садои мардум” аз ҳисоби даромадҳои дохилии худ ҳаққи қалам барои муаллифонро нигоҳ доштаанд.
Ба гуфтаи Хушдил Раҳимҷонов, муовини сардабири ҳафтаномаи “Баҳори аҷам”, дигар дар нақшаи солонаи онҳо пункти «ҳаққи қалам» вуҷуд надорад ва инчунин маблағи чопхона ҳам аз ҳисоби ҳаққи обуна пардохт мешавад. Ҳафтаномаи “Баҳори аҷам” зертобеи Вазорати фарҳанг буда, дар як моҳ 3 маротиба чоп мешавад. Ин ҳафтанома аз ҳисоби кам шудани маблағгузорӣ аз будҷа ҳудуди 12 ҳазор сомониашро аз даст додааст.
Обуна роҳи аслии наҷоти газетаҳо?
Ҳамаи масъулини ҳафтаномаҳои расмии Тоҷикистон, ки бо онҳо ҳамсӯҳбат шудем, зиёд кардани теъдоди обуначиёнро роҳи аслии пӯшонидани маблағи камшуда аз будҷа мебинанд. Аз моҳи январи соли 2017 чанд ҳафтаномаи маъруфи расмии Тоҷикистон теъдоди нашри худро аз ҳисоби обуна зиёд кардаанд. Аз ҷумла, теъдоди рӯзномаи “Ҷумҳурият” аз ҳисоби обуна 4 ҳазор, “Садои мардум” 2 ҳазор ва “Народная газета” 1300 нусха зиёд шудааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки тиражи нашрияҳои мустақил дар Тоҷикистон коҳиш ёфта истодааст.
Маблағгузории «Хорпуштак» 50 % кам шуд
Ҳаҷми будҷа маҷаллаи ҳаҷвии “Хорпуштак”, ба гуфтаи масъулинаш, қариб 50 дарсад кам шудааст. Ашрафи Афзал, сардабири маҷаллаи “Хорпуштак” дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, агар қаблан онҳо аз будҷа 266 ҳазор сомонӣ маблағ дарёфт мекарданд, пас дар моҳи январи соли равон ин рақам то 134 ҳазор сомонӣ кам шуд.
Ба гуфтаи ҷаноби Ашрафи Афзал, “инчунин нархи иҷораро зиёд карданд. Мо ҳаққи қаламро буридем, танҳо кормандони штатӣ маош мегиранд. Бадии кор дар он аст, ки мо пештар кӯшиш мекардем бо ҳаққи қалам муаллифони берунаро ба кор ҷалб кунем. Аммо ҳоло ин тавр нест. Чунки агар ӯ ҳаққи қалам нагирад, ҳамроҳи мо кор намекунад. Ҳоло ҳатто маблағи чопи шумораи якумро ҳам ба чопхона пардохт накардаем. Агар дастгирӣ накунад мо хеле қафо мезанем.”
“Расонаҳо давлатӣ осеб намебинанд..."
Коршиносон мегӯянд, коҳиш ёфтани маблағгузорӣ ба кори расонаҳои расмӣ, аз ҷумла нашрияҳои давлатӣ таъсири зиёде нахоҳанд расонд, чун онҳо аз ҳисоби обунаи ихтиёрӣ-маҷбурӣ камбуди маблағро мепӯшонанд. Нуриддин Қаршибоев, роҳбари Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон мегӯяд, маблағҳои будҷа барои ВАО бояд дар асоси озмун ба ҳама расонаҳо дода шавад, на танҳо ба нашрияҳои расмӣ.
“То ҷое хабар дорам, қисмати зиёди хароҷоти расонаҳои давлатӣ аз ҳисоби будҷа пардохта мешавад. Ман ҷонибдори ин ҳастам, ки маблағҳо барои рушди расонаҳо дар асоси озмун дода шавад. Ин таҷрибаро қаблан ҳамсоякишварҳои мо, аз ҷумла Қазоқистон амалӣ кардааст. Яъне то кадом дараҷа расонаи давлатӣ ва ё мустақил ба дарди ҷомеа ҷавобгӯ аст ва метавонад ниёзҳои ҳатто ҳукуматро бароварда кунад. Дар он ҳолат як тартибу қоидаҳое вуҷуд дошта бошад, ки дар баробари расонаҳои давлатӣ, расонаҳои хусусӣ ҳам имкони гирифтани бурсҳо аз будҷаро дошта бошанд.”
Маблағгузорӣ ба ВАО-и расмӣ дар Тоҷикистон дар ҳоле коҳиш меёбад, ки вазъи молии расонаҳои мустақили Тоҷикистон низ ба гуфтаи ҳолдонҳо солҳои охир вазнин шудааст. Дар пайи мушкилоти молӣ соли гузашта ду ҳафтанома дар вилояти Суғд- “Вароруд” ва “Дам” аз чоп монданд.