"Бритониё ҳамроҳи Фаронса ва эҳтимол як ё ду кишвари дигар бо Украина дар таҳияи нақшаи поён додан ба ҷанг кор хоҳанд кард. Сипас, тарҳро бо Иёлоти Муттаҳида дар миён мегузорем."
Ин изҳороти сарвазири Бритониё Кейр Стармер рӯзи 2-юми март дар суҳбат бо Би-би-сӣ садо дод.
Стармер ҳамзамон таъкид кард, ки барои ҳама гуна созиши сулҳ дар Украина замонати амниятии Амрико зарур аст. Яке аз масоиле, ки рӯзи 28-уми феврал дар Кохи Сафед мояи баҳси Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина ва Доналд Трамп, президенти Амрико шуд.
Қарор аст, ҳукумати Бритониё бо ҳузури раҳбарони аврупоӣ ва мақомоти баландпояи НАТО дар бораи амният ва сулҳ дар Украина ва афзоиши фишор болои Русия нишасте баргузор кунад.
Сарвазири Бритониё дар остонаи нишаст бо Зеленский мулоқот кард ва пас аз он гуфт, ки ба Украина 2,26 миллиард фунт (2,84 миллиард доллар) қарз медиҳанд.
Зеленский дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт, "ин қарз иқтидори дифоии Украинаро бештар мекунад ва аз ҳисоби даромаду дороиҳои бандмондаи Русия баргардонда хоҳад шуд."