Созиши нави Тоҷикистону Узбекистон дар бораи корхонаи муштарак

Ифтитоҳи як гузаргоҳи марзӣ дар сарҳади Тоҷикистону Узбекистон. Акс аз бойгонӣ

Ҳукумати Тоҷикистон созиши навро бо Узбекистон дар бораи таъсиси корхонаи муштарак ба порлумон фиристодааст. Вакилон бояд онро баррасӣ кунанд. Радиои Озодӣ 3-юми август бо санад шинос шуд.

Тибқи ин ҳуҷҷат, "Ширкати сармоягузории Тоҷикистону Узбекистон" мақоми "созмони байнулмилалӣ"-ро хоҳад дошт. Бар асоси созиши ибтидоӣ, ки соли 2021 миёни Душанбе ва Тошканд имзо шуда буд, ин ширкат бояд ба таври Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуд кор мекард.

Тоҷикистон пазируфтааст, ки аз ширкати муштарак бо Узбекистон андоз аз арзиши иловашуда ё НДС намегирад.

Мақомоти Тоҷикистон ҳамчунин кафолат додаанд, ки молу мулки ин ширкатро мусодира ё миллӣ намекунанд.

Ба "Ширкати сармоягузории Тоҷикистону Узбекистон" ҳамчунин ҳақ дода шудааст, ки бе гирифтани иҷозатномаҳои иловагӣ, дар муомилоти худ аз пулҳои хориҷӣ истифода барад.

Тибқи маълумот аз манбаъҳои боз, 75 дарсад саҳмияҳои ин ширкат ба Бунёди таҷдид ва рушди Узбекистон ва 25 дарсади дигар ба ширкати "Тоҷинвест" тааллуқ дорад. Ҳадафи ширкат пуштибонӣ аз тиҷорати хурду миёна ва рушди иқтисодӣ эълон шудааст.

Душанбеву Тошканд соли 2016 ва пас аз марги Ислом Каримов, раисҷумҳури пешини Узбекистон, равобити тиҷоратии худро густариш дода, низоми раводидро аз байн бурданд.

Моҳи марти имсол мақомоти Тоҷикистону Узбекистон эълон карданд, ки мехоҳанд дар чор соли оянда додугирифтро ба ду миллиард доллар расонанд. Додугирифти ҳозираи ду тараф ҳудуди як миллиард долларро ташкил медиҳад. Ҳарду кишвар барои поймоли ҳуқуқи инсон ҳамвора танқид мешаванд.