Баъд аз чанд рӯз задухӯрдҳои шадид миёни неруҳои давлатии Сурия ва курдҳо ду тараф ба созиши бузурге даст ёфтанд. Ин созиш ояндаи минтақаҳои зери назорати курдҳо дар шимолу шарқи Сурия ва сарнавишти неруҳои ин гуруҳро муайян мекунад. Мусолиҳа рӯзи 18-уми январ ҳосил шуд.
Том Барак, фиристодаи вижаи ИМА ин созишро "нуқтаи асосии тағйир" номид, аммо ҳушдор дод, ки барои ниҳоӣ шудани он кори зиёд дар пеш аст.
Мусолиҳа пас аз даргириҳо дар шимолу шарқи Сурия ба даст омад, ки дар ҷараёни он неруҳои давлатии Сурия конҳои асосии нафтро ишғол карданд.
Аҳмад аш-Шара, президенти Сурия созишро имзо кард ва хостори оташбаси фаврӣ шуд. "Аз қабилаҳои араб дар он ҷо даъват мекунам, ки то ба даст омадани сулҳи комил дар Сурия ва татбиқи давра ба давраи созиш оромиро нигоҳ доранд", - гуфт Шара.
Видеоро инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Созиши давлати Сурия ва курдҳо баъди чанд рӯз даргирӣ
Барои Неруҳои демократии Сурия, ки беш аз даҳ сол боз шимолу шарқи Сурияро назорат мекарданд, ин созиш шикасти сахт номида мешавад. Намояндагони ин гурӯҳ тасдиқ карданд, ки аз минтақаи нафтхези Дайр-аз-Зор ва шаҳри Раққа берун мераванд. Як мақомдори ҳукумати Сурия гуфтааст, ҳарду вилоят дар давоми 24 то 48 соати оянда таслим мешаванд.
Тибқи ин созиш, ки аз 14 банд иборат аст, ҳама ҷангиёни Неруҳои демократии Сурия шомили Вазорати дифоъ ва Вазорати дохилии Сурия мешаванд. Назорати гузаргоҳҳои марзӣ, конҳои нафту газ ва боздоштгоҳҳое, ки ҷангҷӯёни ДОИШ дар онҳо нигаҳдорӣ мешаванд, ба ихтиёри ҳукумати Сурия мегузарад. Шартҳое, ки Неруҳои демократики Сурия солҳо ба он розӣ набуданд.
Ба Неруҳои демократии Сурия имтиёзҳои маҳдуде дода шудааст. Аз ҷумла онҳо метавонанд мансабдоронро барои иҷрои вазифаҳои калидӣ пешниҳод ва шаҳрдори Ҳасакеро интихоб кунанд.
Дар айни замон Неруҳои демократии Сурия уҳдадор шудааст, аъзои Ҳизби коргари Курдистонро ихроҷ кунад. Ин гуруҳест, ки солҳо бо ҳукумати Туркия меҷангид ва моҳи майи соли 2025 барҳам хӯрдани худро эълон кард.
Баъд аз кушта шудани қариб 1500 алавӣ ва садҳо камшумори друз, нигаронии курдҳои Сурия аз ҳукумати Аҳмад аш-Шара бештар шудааст. Қарор аст Мазлум Абдӣ, роҳбари Неруҳои демократии Сурия рӯзи душанбе бо Аҳмад дар Димишқ вохӯрад.